ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 март, якшанбе, 63-юмин рӯзи соли 2024 аст
3 марти соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.
***
Дар ин рўзи соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор гардид.
***
3 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар ноҳияи Ёвон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба фаъолият оғоз намуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои орд, ғалла, намак ва дигар маҳсулот истеҳсол намояд.
***
3 марти соли 2018 дар Намоиши баҳории ҳунармандӣ ҳунари волои ҳунармандон ба маъраз гузошта шуд.
***
3 марти соли 2021 Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
***
3 марти соли 2022 Душанбе ва Боку муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуданд.
***
3 марти соли 2023 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, мулоқот намуданд.
3 МАРТ:
Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ.
***
Рӯзи байналмилалии нависанда.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Акашариф Ҷӯраев- соли 1894 — Ҳофизи халқии Тоҷикистон
***
Ином Асроров- соли 1938 – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор