ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 март, чоршанбе, 66-умин рӯзи соли 2024 аст

Март 6, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2009 воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби раванди воридоту содирот «Равзанаи ягона» таъсис дода шуд.

***

6 марти соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардид ва дастаи «Вахш»-и Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» дохил шуд.

***

6 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

6 марти соли 2020 бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и пойтахт барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид.

***

6 марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Во Ван Тхионг барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.

6 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии духтури дандон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Расул Ҳодизода — соли 1928 — адабиётшинос, мунаққид, нависанда, тарҷумон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954), доктори илми филология (1970).

Март 6, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, шанбе, 312-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, ҷумъа, 311-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, панҷшанбе, 310-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, чоршанбе, 309-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, сешанбе, 308-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, душанбе, 307-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, якшанбе, 306-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, ҷумъа, 304-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, панҷшанбе, 303-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, чоршанбе, 302-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, сешанбе, 301-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, душанбе, 300-умин рӯзи соли 2025 аст