«TASHKENT GRAND SLAM». Варзишгари Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ба даст овард

Март 1, 2024 18:55

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2024», ки аз 1 то 3 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон идома меёбад, медали тилло ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар финал ӯ ҷудочии исроилӣ Барух Шмаиловро мағлуб намуда, ҷои якумро сазовор гардид.

Ёдовар мешавем, ки барои баромадан ба финал Эмомалӣ Нуралӣ бар Мартин Сетс аз Олмон, Уиллис Гарсиа аз Венесуэла, Кубаничбек Айбек уулу аз Қирғизистон ва Яго Абуладзе аз дастаи варзишгарони фардии бетараф пирӯз шуд.

Рӯзи якуми мусобиқа барои Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) ва Ҳақдод Гулов (60 кг) бе натиҷа анҷом ёфт.

АКС аз бойгонӣ

Март 1, 2024 18:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард