ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар талу теппаҳои кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 500 бех ниҳоли дарахти ороишии санавбар шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамзамон дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати Баҳор бо иштироки беш аз 300 сокини шаҳри Ваҳдат 1000 бех ниҳоли дарахти санавбар бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуд.
Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мамлакати сабз» барои солҳои 2023-2027» қабул гардидааст, ки дар асоси он то соли 2025 дар Тоҷикистон дар масоҳати чор ҳазор гектар 65 миллион бех ниҳолҳои дарахтону буттаҳо, аз ҷумла дарахтони мевадиҳанда, хуч ва санавбар шинонида мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд






