Тавсеаи ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Институти Гётеи Олмон дар Берлин муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Институти Гётеи (Goethe-Institut) Олмон зимни мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбари минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Институти Гётеи Олмон Ҳайке Улинг дар Берлин баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот тавсеаи ҳамкориро дар самти ташкили даври такмили ихтисос барои омӯзгорон ва табодули академии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ аз Ҳайке Улинг даъват карда шуд, ки дар фурсати барояш мувофиқ ба Тоҷикистон, хусусан ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф биорад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






