Ҳадаф ва интизориҳои узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба SBFN дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти экологӣ, кам намудани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва рушди иқтисодиёти «сабз» рӯз то рӯз аҳаммияти бештар пайдо менамояд ва тағйирёбии иқлим метавонад ба иқтисодиёт ва бонкҳо хатари ҷиддӣ эҷод намояд. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар мулоқоташ бо намояндагони Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор («SBFN») ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) вобаста ба ҳадаф ва интизориҳо аз узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба SBFN, ки дар Душанбе доир гардид, баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки Тоҷикистон 15 декабри соли 2015 ба Созишномаи Париж, ки ба вокуниши глобалӣ ба таҳдидҳои иқлимӣ нигаронида шудааст, ҳамроҳ шуда, «Стратегияи миллии рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»- ро тасдиқ намуд. Бонки миллии Тоҷикистон низ ҳамчун танзимгари низоми бонкӣ ва суғурта Нақшаи чорабиниҳоро барои татбиқи тадбирҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ҳадафи он таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад.
«Мо медонем, ки аъзои SBFN барои беҳтар намудани идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративии (ESG) муассисаҳои молиявӣ ҳаракат менамоянд. Дар ин замина Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои ҷорӣ намудани принсипҳои ESG ва идоракунии хавфҳои иқлим дар ташкилоти молиявӣ ва рушди бозори маблағгузории «сабз»-ро ба назар гирифтааст», — афзуд Фирдавс Толибзода.
Ҳамоҳангсози ҷаҳонии SBFN — хонум Чжан Ронг узвияти Бонки миллии Тоҷикистонро ба Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор қадами муҳим барои пешбурди ин самт арзёбӣ намуда, гуфт, ки ин шарикии стратегӣ уҳдадории Бонки миллии Тоҷикистонро дар ҳамгироии масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ дар фаъолияти бахши молиявии Тоҷикистон бештар менамояд. Вай изҳор намуд, ки давлатҳои узви SBFN, бахусус муассисаҳои молиявиро зарур аст, ки барои беҳтар кардани масъалаҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ гардиши сармояро ба фаъолияте, ки таъсири мусбати экологӣ ва иҷтимоӣ доранд, афзун намоянд. Роҳбари намояндагии IFC дар Тоҷикистон — Фарух Султонов иброз намуд, ки ҳамроҳ шудан ба платформаи ҷаҳонӣ барои танзимгарони бахши молиявӣ, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани ташаббусҳои муосир, аз ҷумла маблағгузории устувор дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имконияти зиёд фароҳам меоварад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки фаъолона дар татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» кӯшишҳояшро бо ҳадафҳои Созишномаи Париж мутобиқ намуда, дар ноил шудан ба ҳадафҳои декарбонизатсияи мамлакат саҳм мегузорад. Аз ҷониби коршиносони SBFN оид ба фаъолият, сохтор, гурӯҳҳои кории ин шабака ва имконияти ба аъзои он пешниҳодшаванда ба иштирокдорони мулоқот рӯнамо манзур гардид.
Мусоҳибон изҳори боварӣ намуданд, ки узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба SBFN метавонад дар роҳи пешрафти маблағгузории устувори низоми бонкии Тоҷикистон тавассути омӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ ва пешбурди ҳадафҳои муштарак мусоидат намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои бонк ва низоми бонкӣ масъалаи раванди узвият дар SBFN ва тартиби аъзо шуданро омӯхта, дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост ба SBFN муроҷиат намуда, моҳи декабри соли 2023 тасдиқномаи SBFN-ро дар хусуси пайваст шудани Бонки миллии Тоҷикистон ба Шабака дастрас намудааст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






