Ҳадаф ва интизориҳои узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба SBFN дар Душанбе баррасӣ гардид

Апрель 4, 2024 09:28

ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти экологӣ, кам намудани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва рушди иқтисодиёти «сабз» рӯз то рӯз аҳаммияти бештар пайдо менамояд ва тағйирёбии иқлим метавонад ба иқтисодиёт ва бонкҳо хатари ҷиддӣ эҷод намояд. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода  дар мулоқоташ  бо намояндагони Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор («SBFN») ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) вобаста ба ҳадаф ва интизориҳо аз узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба SBFN, ки дар Душанбе доир гардид, баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки Тоҷикистон 15 декабри соли 2015 ба Созишномаи Париж, ки ба вокуниши глобалӣ ба таҳдидҳои иқлимӣ нигаронида шудааст, ҳамроҳ шуда, «Стратегияи миллии рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»- ро тасдиқ намуд. Бонки миллии Тоҷикистон низ ҳамчун танзимгари низоми бонкӣ ва суғурта Нақшаи чорабиниҳоро барои татбиқи тадбирҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ҳадафи он таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад.

«Мо медонем, ки аъзои SBFN барои беҳтар намудани идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративии (ESG) муассисаҳои молиявӣ ҳаракат менамоянд. Дар ин замина Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои ҷорӣ намудани принсипҳои ESG ва идоракунии хавфҳои иқлим дар ташкилоти молиявӣ ва рушди бозори маблағгузории «сабз»-ро ба назар гирифтааст», — афзуд Фирдавс Толибзода.

Ҳамоҳангсози ҷаҳонии SBFN — хонум Чжан Ронг узвияти Бонки миллии Тоҷикистонро ба Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор қадами муҳим барои пешбурди ин самт арзёбӣ намуда, гуфт, ки ин шарикии стратегӣ уҳдадории Бонки миллии Тоҷикистонро дар ҳамгироии масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ дар фаъолияти бахши молиявии Тоҷикистон бештар менамояд. Вай изҳор намуд, ки давлатҳои узви SBFN, бахусус муассисаҳои молиявиро зарур аст, ки барои беҳтар кардани масъалаҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ гардиши сармояро ба фаъолияте, ки таъсири мусбати экологӣ ва иҷтимоӣ доранд, афзун намоянд. Роҳбари намояндагии IFC дар Тоҷикистон — Фарух Султонов иброз намуд, ки ҳамроҳ шудан ба платформаи ҷаҳонӣ барои танзимгарони бахши молиявӣ, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани ташаббусҳои муосир, аз ҷумла маблағгузории устувор дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имконияти зиёд фароҳам меоварад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки фаъолона дар татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» кӯшишҳояшро бо ҳадафҳои Созишномаи Париж мутобиқ намуда, дар ноил шудан ба ҳадафҳои декарбонизатсияи мамлакат саҳм мегузорад. Аз ҷониби коршиносони SBFN оид ба фаъолият, сохтор, гурӯҳҳои кории ин шабака ва имконияти ба аъзои он пешниҳодшаванда ба иштирокдорони мулоқот рӯнамо манзур гардид.

Мусоҳибон изҳори боварӣ намуданд, ки узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба SBFN метавонад дар роҳи пешрафти маблағгузории устувори низоми бонкии Тоҷикистон тавассути омӯхтани таҷрибаи  байналмилалӣ ва пешбурди ҳадафҳои муштарак мусоидат намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои бонк ва низоми бонкӣ масъалаи раванди узвият дар SBFN ва тартиби аъзо шуданро омӯхта, дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост ба SBFN муроҷиат намуда, моҳи декабри соли 2023  тасдиқномаи SBFN-ро дар хусуси пайваст шудани Бонки миллии Тоҷикистон ба Шабака дастрас намудааст.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 4, 2024 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 1 миллион сомонӣ қарзҳои андоз кам шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.7837 то 11.8700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Шаҳринав 360 гектар замини корам бо оби полезӣ таъмин гардид
ШУМОРАИ ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 128 АДАД РАСИД. Аммо норасоии тухмии зироати кишоварзӣ то ба ҳол боқӣ аст
Дар ноҳияи Шаҳристон кишти картошка идома дорад
Дар шаҳри Гулистон 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода мешавад
Имсол кишоварзони Тоҷикистон дар зиёда аз 440 ҳазор гектар кишти баҳории зироат мегузаронанд
Дар шоҳроҳи Обигарм-Нуробод дарозтарин пул бунёд мешавад
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Имсол дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҳосили картошка фаровон аст
Директори идории ХБА Кристалина Георгиева: «Орзу дорам, ки ормони тоҷикон оид ба пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» ҳарчӣ зудтар амалӣ гардад»
Парлумон Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва AIIB-ро барои сохтмони роҳи мошингарди «Обигарм-Нуробод» ба тасвиб расонд