Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд

Апрель 9, 2024 13:49

ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тиранаи Ҷумҳурии Албания аз 7 то 9 апрел ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ барои Аврупо баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи 70-уми комиссияи Аврупо якчанд масъалаи мубрами соҳаи сайёҳӣ, бахусус масъалаҳои рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ, алалхусус барои занон дар кишварҳои аъзо, ҷалби сармояи мустақим ва ғайримустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти давлатҳо ва мутобиқкунонии соҳаи сайёҳӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди баррасии иштирокдорони ҳамоиш қарор гирифт.

Зимни ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода бо дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили, муовини вазири сайёҳӣ ва муҳити зисти Ҷумҳурии Албания Албина Хембура ва роҳбарону намояндагони бахши сайёҳии якчанд кишвари иштирокчӣ суҳбату мулоқоти судманд анҷом дод.

Тавре дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили иброз дошт, соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон соли 2023 ба кишварҳо 1 миллиарду 300 миллион доллар даромад овард, ки нисбат ба соли 2022 34 дарсад зиёд мебошад.

Тибқи арзёбии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, соли 2024 соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон то ба сатҳи қабл аз пандемия барқарор гашта, эҳтимол рушди он то 2 фоиз зиёдтар таъмин шавад.

Намояндаи воломақоми Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ барои фаъол будан дар мубодилаи маълумот ва омори сайёҳӣ ба намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, мамлакати моро низ дар ин ҷаласаи сатҳи баланд бо сипосномаи ин созмон қадрдонӣ намуд.

Ҳамзамон дар ҳошияи ин ҷаласа муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода бо директори генералии Агентии миллии сайёҳии Ҷумҳурии Албания Зана Чела мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бобати тақвияти ҳамкории дуҷониба дар бахши сайёҳӣ ва масъалаи ҷалби сайёҳон ба давлатҳояшон гуфтушунид анҷом доданд.

Иброз шуд, ки барои ҷалби сайёҳон баимзорасонии созишномаҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Албания ба мақсад мувофиқ буда, ба рушди соҳаи сайёҳии ҳарду ҷониб заминаи мусоид мегузорад.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории минбаъда дар соҳаи сайёҳӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2024 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд