Ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар ҷаласа аз ҷониби раиси Комиссия ва аъзои он Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 ноябри соли 2022 озмун барои дарёфти ҷоизаи Раиси шаҳри Душанберо барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Инчунин ҳуҷҷатҳои зарурии баргузории озмунҳои Стипендия ва Ҷоиза бо ҳамовозии аъзои Комиссия аз ҷониби раиси Комиссия тасдиқ карда шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиён аъзои комиссия вазифадор гардиданд.
Гуфта шуд, ки даври ноҳиявии озмун аз 28 март то 2 апрели соли 2024 доир гардида, даври шаҳрии озмун бо инобати давталабони пешниҳоднамудаи ноҳияҳо 8-9 апрел байни донишҷӯён ва 11-12-13 апрел байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 14 апрел ҷиҳати натиҷагирии стипендия байни олимону муҳаққиқон ва довталабони ҷоизаи Раиси шаҳри Душанберо барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ доир мегарданд.
Ғолибони озмунҳо дар чорабинии бошукуҳ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, дар ваъзияти тантанавӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






