Бар асари боронҳои шадид дар Покистон 30 нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 48 соати охир дар натиҷаи ҳодисаҳои марбут ба борон дар Покистон 30 нафар ҳалок ва чанд нафари дигар маҷруҳ шуданд. Дар ин хусус рӯзи якшанбе Раёсати миллии мубориза бо офатҳои табиӣ /NDMA/ хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».
Намояндаи NDMA Муҳаммад Умар ба «Синхуа» иттилоъ дод, ки музофоти Панҷоб /Покистони Шарқӣ/ аз ҳама бештар зарар дидааст: дар натиҷаи раъду барқ дар 48 соати охир, вақте ки боронҳои шадид ноҳияҳои гуногуни вилоятро фаро гирифтанд, 17 нафар ҳалок ва 6 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Тибқи гуфтаи Муҳаммад Умар, дар вилояти Балуҷистон /ҷанубу ғарби Покистон/ дар натиҷаи раъду барқ ва боронҳои зиёд 8 нафар ба ҳалокат расид. Дар вилояти Хайбар-Паҳтунхва /шимолу ғарби Покистон/ 5 нафар ҳалок ва зиёда аз 10 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Дар байни ҳалокшудагон занону кӯдакон низ ҳастанд.
Офати табиӣ инчунин ба якчанд хона дар минтақаҳои гуногуни ин давлат зарар расонида, мақомот одамони бесарпаноҳро ба ҷойҳои бехатар интиқол доданд. Илова бар ин, боронҳои шадид дар роҳҳои асосӣ ва шоҳроҳҳо барои ҳаракати нақлиёт монеаҳо ба вуҷуд оварданд.
Мақомот аз шаҳрвандон ва сайёҳон даъват намуд, ки давоми чанд рӯз аз сафарҳои нозарур ба ноҳияҳои зарардида худдорӣ кунанд.
NDMA дар якҷоягӣ бо дигар идораҳои шаҳрвандӣ ва ихтиёриён амалиёти наҷотдиҳии садамавиро дар минтақаҳои зарардида оғоз кардаанд.
Қаблан идораи обуҳавошиносии Покистон пешгӯӣ карда буд, ки боронҳои шадид бо раъду барқ дар баъзе минтақаҳои мамлакат то 15 апрел идома меёбанд. Бориши шадид метавонад сабаби обхезӣ ва ярчфароии ногаҳонӣ шуда, инчунин ба кишти зироат зарар расонад.
АКС аз манбаъҳои боз








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






