БОҒИ «АЛИШЕР НАВОӢ»-РАМЗИ ДӮСТИИ АБАДИИ ТОҶИКУ УЗБЕК. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин макони писандидаи меҳмонони дохилию хориҷӣ таҳия гардидааст

Апрель 17, 2024 16:03

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи маълумоти омории соли 2023, дар пойтахт 17 боғи фарҳангию фароғатӣ мавҷуд буда,  онҳо ба макони писандидаи сайру гашт ва истироҳати меҳмонони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтаанд. 

Давоми чанд соли охир бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин самт  якчанд тадбирҳои нав рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе  5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт  заминаи мусоид фароҳам оварданд.

АМИТ «Ховар»  аз яке боғҳои пойтахт — «Алишер Навоӣ», ки рамзи дӯстии ду халқи ба ҳам монанду дӯст ва ҳамсоя — тоҷику узбек мебошад, суратгузориш манзур менамояд. Боғи мазкур 27 сентябри соли 2018 бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев  мавриди истифода қарор гирифт.

Таҳияи Зоҳирҷони Тоирзода,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Апрель 17, 2024 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

1 май дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст мешавад. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз лолазори пойтахт
САД РАНГИ ЧАКАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории даври ҷамъбастии ин фестивал таҳия гардидааст
БИНОҲОИ МУҲТАШАМИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ДАР ДУШАНБЕ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» дар арафаи баргузории ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»
ДУШАНБЕ ДАР ОҒӮШИ ЛОЛАҲО. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз лолазори пойтахт
«ОСОИШГОҲИ ШОҲАМБАРӢ» ДАР МАВЗЕИ ХУШМАНЗАРИ ҚАТОРКӮҲҲОИ ҲИСОР. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин макони истироҳатӣ
ФАРДОИ ДУШАНБЕ. АМИТ «Ховар» лоиҳаи ангоравии биноҳои дар пойтахт бунёдшавандаро манзур менамояд
ДУШАНБЕ — МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Кӯдакон — тарғибгари либоси миллӣ
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Неругоҳи барқи обии «Норак»
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Душанбе
СУРАТГУЗОРИШ. Баҳор ба «Қалъаи Хуҷанд» ҳусну таровати тоза бахшидааст