Британияи Кабир фурӯши телефонҳои мобилиро ба кӯдакон ва наврасони то 16-сола манъ менамояд

Апрель 12, 2024 15:25

ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Британияи Кабир барои ҳифзи ҷавонони британиягӣ аз телефонҳои мобилӣ баъд аз интишори тавсияҳо оид ба истифодаи онҳо, ки  ду моҳ қабл барои мактабҳои Британия қабул гардида буд, тадбирҳои  иловагӣ меандешад. Аз ҷумла, ин тавсияҳо манъи фурӯши телефонҳои мобилиро ба кӯдакони то 16-сола пешбинӣ  менамоянд.

Тавре АЗЕРТАҶ бо истинод ба рӯзномаи машҳури британиягии The Guardian иттилоъ медиҳад, назарсанҷии моҳи март аз ҷониби Parentkind дар байни 2496 волидони кӯдакони синни мактабӣ дар Англия гузаронида нишон дод, ки 58 дарсади онҳо ақида доранд, ки ҳукумат бояд смартфонҳоро барои кӯдакони то 16 — сола манъ кунад. Ғайр аз ин, зиёда аз 80% волидон иброз намуданд, ки смартфонҳо барои кӯдакон ва ҷавонон зараровар мебошанд.

Таҳқиқоти дигар- More in Common нишон дод, ки 64% пурсидашудагон манъи фурӯши смартфонҳоро ба кӯдакони то 16 — сола «амали хуб» мешуморанд.

Матбуоти Британия инчунин хотиррасон менамояд, ки Риши Сунак аллакай нақшае таҳия кардааст, ки тибқи он насли ояндаро аз харидани сигор манъ мекунанд. Ҳар касе, ки 1 январи соли 2009 ё пас аз ин сана таваллуд шудааст, яъне ҳар касе, ки 14 — сола ё хурдтар мебошад, давоми умр дар Англия ба таври қонунӣ ҳуқуқи сигор харидан надорад. Сарвазири Британия пешниҳод намуд, ки ҳар сол синни хариди сигорро барои англисҳо як сол зиёд кунанд, то он даме ки ин кор байни тамоми аҳолӣ паҳн нашавад, аммо ин ташаббус бояд аз ҷониби парлумони кишвар низ тасдиқ гардад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 12, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад