Чор нафар бо гумони шарикӣ дар тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ Ховар/. Кормандони полиси Амрико чор нафарро бо гумони шарикӣ дар тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфия (иёлати Пенсилвания) дастгир намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ширкати телевизионии АВС бо истинод ба манбаъҳо хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳоло сабаби тирпаронӣ маълум набуда, тафтиш идома дорад.
Қаблан хабаргузории «Associated Press» бо истинод ба манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода буд, ки ду нафар аз тир захмӣ шуда, дар беморхона ба онҳо ёрии тиббӣ расонида мешавад.
Хабарнигори шабакаи телевизионии FOX 29 дар X (қаблан Twitter) навиштааст, ки полисҳо якчанд боздошт ва мусодираи силоҳ анҷом додаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






