Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд

Апрель 17, 2024 13:21

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии обуҳавошиносии Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзи сешанбе миқдори рекордии боришро дар 75 соли охир сабт намуд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти ҳукумати аморот хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Тибқи иттилои марказ, дар шаҳри Ал – Айн, дар шарқи амороти Абузабӣ, ки дар он ҷо истгоҳи обуҳавошиносии иқлимӣ ва иттилоотии Амороти Муттаҳидаи Араб ҷойгир мебошад, давоми  камтар аз 24 соат 254,8 мм борон боридааст.

«Ин ҳодисаи табиӣ дар таърихи иқлимшиносии кишвар ҳамчун истисно ба ҳисоб меравад», — ишора мешавад дар паёме, ки дар X (қаблан Twitter) нашр шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 17, 2024 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд