Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон вобаста ба аҳамияти ҳифзи пиряхҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид

Апрель 3, 2024 11:03

ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар мавзуи «Аҳамияти байналмилалӣ ва таърихии ибтикори ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва Соли 2025- соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Дар конференсия сиёсатмадорон, олимон, муҳаққиқони дохилу хориҷи мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Абдулҳамид Қаюмов дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон – пешоҳанг дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо» маъруза намуда, иброз дошт, ки таҳлили адабиёти илмӣ оид ба ҳолати омӯзиши пиряхҳои  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар аввали солҳои 90-ум дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ гузаронида нашуда, бинобар даргириҳои дохилӣ шароити гузаронидани он низ вуҷуд надошт.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати воқеӣ оид ба омӯзиши пиряхҳоро ба назар гирифта, дар асоси сиёсати созандаю бунёдкорона ва ҳамзамон таҳлили амиқи ҳаматарафа супориш доданд, ки дар  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шавад ва он бояд таҳқиқоти бунёдиро  бо усулҳои муосири инноватсионӣ гузаронад. Вазифаи аввалиндараҷаи марказ- муайян намудани шумора, ҳаҷм ва ҳолати пиряҳо дар равиши тағйирёбии иқлим дар асосӣ таҳқиқоти бунёдӣ буд.

Абдулҳамид Қаюмов афзуд, ки «пойгоҳи пиряхи Федченко имрӯз фаъолият намекунад, лекин хушбахтона, ин марказ дар айни замон 6 пойгоҳи баландкӯҳро дар баландиҳои аз 3800 то 4899 метр ҷойгир намудааст, ки тавассути онҳо пиряхҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд. Маркази омӯзиши пиряхҳо масъулиятро дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо боз ҳам ҷоннок намуда, ҳамзамон ба таври пайваста бо  иштироки олимону мутахассисони соҳавӣ Стратегияи гузаронидани чорабиниҳои илмӣ- амалӣ оид ба соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Барномаи гузаронидани корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои баррасӣ  пешниҳод намудааст. Ин дар сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди назаррас аст.

Гуфта шуд, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо Феҳристи пиряхҳои системаи Федченкоро бо дастгирии Президенти мамлакат бо истифода аз технологияи муосири харитасозӣ чоп намудааст.

Баргузории ин конференсия барои иштирокчиёни он чун минбари байналмилалии илмӣ-амалӣ баҳри ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва усулҳои омӯзиши криосфера ва илми пиряхшиносӣ хизмат намуд.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 3, 2024 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид