Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон вобаста ба аҳамияти ҳифзи пиряхҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар мавзуи «Аҳамияти байналмилалӣ ва таърихии ибтикори ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва Соли 2025- соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Дар конференсия сиёсатмадорон, олимон, муҳаққиқони дохилу хориҷи мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Абдулҳамид Қаюмов дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон – пешоҳанг дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо» маъруза намуда, иброз дошт, ки таҳлили адабиёти илмӣ оид ба ҳолати омӯзиши пиряхҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар аввали солҳои 90-ум дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ гузаронида нашуда, бинобар даргириҳои дохилӣ шароити гузаронидани он низ вуҷуд надошт.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати воқеӣ оид ба омӯзиши пиряхҳоро ба назар гирифта, дар асоси сиёсати созандаю бунёдкорона ва ҳамзамон таҳлили амиқи ҳаматарафа супориш доданд, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шавад ва он бояд таҳқиқоти бунёдиро бо усулҳои муосири инноватсионӣ гузаронад. Вазифаи аввалиндараҷаи марказ- муайян намудани шумора, ҳаҷм ва ҳолати пиряҳо дар равиши тағйирёбии иқлим дар асосӣ таҳқиқоти бунёдӣ буд.
Абдулҳамид Қаюмов афзуд, ки «пойгоҳи пиряхи Федченко имрӯз фаъолият намекунад, лекин хушбахтона, ин марказ дар айни замон 6 пойгоҳи баландкӯҳро дар баландиҳои аз 3800 то 4899 метр ҷойгир намудааст, ки тавассути онҳо пиряхҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд. Маркази омӯзиши пиряхҳо масъулиятро дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо боз ҳам ҷоннок намуда, ҳамзамон ба таври пайваста бо иштироки олимону мутахассисони соҳавӣ Стратегияи гузаронидани чорабиниҳои илмӣ- амалӣ оид ба соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Барномаи гузаронидани корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод намудааст. Ин дар сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди назаррас аст.
Гуфта шуд, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо Феҳристи пиряхҳои системаи Федченкоро бо дастгирии Президенти мамлакат бо истифода аз технологияи муосири харитасозӣ чоп намудааст.
Баргузории ин конференсия барои иштирокчиёни он чун минбари байналмилалии илмӣ-амалӣ баҳри ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва усулҳои омӯзиши криосфера ва илми пиряхшиносӣ хизмат намуд.
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намоиши маҳсулот ва ҷойи холии кор баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар дафтари СММ дар Арабистони Саудӣ оид ба Конфронси Душанбе чорабинӣ доир гардид
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Дар Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмуни шаҳрӣ оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии «Пули чинӣ» соҳиби ҷойи якум шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми Душанбе се санади муҳими ҷамъбастӣ қабул карда мешаванд
Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 110 ҳайати расмии давлатҳои аъзои СММ иштироки худро дар конфронс тасдиқ намуданд
Сафири Тоҷикистон ба намояндагони расонаҳои Покистон оид ба ташаббусҳои байналмилалии мамлакат маълумот дод
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд






