Дар оянда байни Душанбе ва Сеул роҳи ҳавоӣ кушода мешавад
ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда байни Душанбе ва Сеул роҳи ҳавоӣ кушода шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр».
Масъалаи кушодани хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе дар мулоқоти роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок ва муовини роҳбари ҳайати Сафорат Ким Ҷуншик дар Душанбе баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим, бешубҳа равобити ду давлатро дар соҳаҳои гуногун таҳким мебахшад. Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев изҳор дошт, ки «мо ҳамчун интиқолдиҳандаи ҳавоии Тоҷикистон омодаем барои кушодани ин хатсайр тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем». Зимнан гуфта шуд, ки ҷонибҳо омода мебошанд механизмҳои гуногуни ба роҳ мондани парвозҳоро байни Душанбе ва Сеул баррасӣ намоянд.
Ҳоло ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






