Дар оянда байни Душанбе ва Сеул роҳи ҳавоӣ кушода мешавад

Апрель 8, 2024 11:57

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда байни Душанбе ва Сеул роҳи ҳавоӣ кушода шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр».

Масъалаи кушодани хатсайри  мустақим дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе дар мулоқоти  роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок ва муовини роҳбари ҳайати Сафорат Ким Ҷуншик дар Душанбе баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки  ифтитоҳи хатсайри мустақим, бешубҳа равобити ду давлатро дар соҳаҳои гуногун таҳким мебахшад. Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев изҳор дошт, ки «мо ҳамчун интиқолдиҳандаи ҳавоии Тоҷикистон омодаем барои кушодани ин хатсайр тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем». Зимнан гуфта шуд, ки ҷонибҳо омода мебошанд механизмҳои гуногуни ба роҳ мондани парвозҳоро байни Душанбе ва Сеул баррасӣ намоянд.

Ҳоло ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.

      АКС аз манбаъҳои боз 

Апрель 8, 2024 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад