Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст

Апрель 24, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел, соати 15:43 дар натиҷаи бориши зиёд дар махаллаи ба номи Ибод Файзуллоеви Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд сел ба амал омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар натиҷа, таҳхонаҳои 15 бинои истиқоматӣ ва утоқҳои коммуналӣ қисман зери об ва 3750 метр кӯчаи деҳот зери хоку шағал монданд.

Дар ҷои ҳодиса Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳрӣ барои бартараф кардани оқибатҳои сел кор мебарад.

Дар натиҷаи офати табиӣ талафот ва харобӣ ба амал наомадааст.

Тавре қаблан хабар додем, бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кумак ба аҳолии зарардидаи мамлакат аз оқибатҳои сел Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба зарардидагон дар шакли маводи озуқа ва ғайриозуқа кумак расонид.

Бо шарофати вокуниши фаврӣ ва ташкили ҳамкорӣ бо дастгирии якчанд созмони байналмилалӣ ба аҳолии шаҳру навоҳии мамлакат, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, сари вақт ёрӣ расонида шуд.

Чунончӣ, охири ҳафтаи гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба 125 хонаводаи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, навоҳии Рӯдакӣ ва Темурмалики вилояти Хатлон, ки бар асари сели 14-15 апрели соли 2024 зарар дидаанд, кумак расонид.

Ин кумакҳо асосан аз маводи ғизоӣ, маводи мавриди ниёзи аввал, бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳабҳои тозакунандаи об иборат буданд.

Кумакҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсуси Кумита ба ҷамоатҳои деҳот расонида шуда, дар ҳузури комиссияҳои созмонёфта ба ниёзмандон тақсим гардиданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 24, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид