ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад

Апрель 8, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ноҳияи Мастчоҳ  беш аз 4000 бех ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда дастрас гардида, қисме аз онҳо дар гулгашту хиёбонҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон шинонида мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода дар маъракаи  ниҳолшинонӣ иброз дошт, ки ин иқдом аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати экологӣ, таъмини рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва таъмини саросарии амнияти экологии аҳолӣ сарчашма мегирад. Барои дуруст парвариш намудани ниҳолҳо ва истеҳсоли мевагиҳо, инчунин тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аз партовҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон Барномаи «Мамлакати   сабз»-ро барои солҳои 2023-2027 қабул намуд. Дар доираи ин  барнома то охири соли 2027 дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолу буттаҳо шинонида мешаванд. Барнома, ки барои солҳои 2023-2027 қабул шудааст, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз», таъмини нигоҳдории устувори низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад.

Барнома дар ду давр амалӣ мешавад. Тибқи нақша, дар даври аввал, ки солҳои 2023-2025-ро дар бар мегирад, дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту бутта шинонида мешавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд