Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид

Апрель 25, 2024 16:55

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо иштироки  намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа Мавсума Муинӣ изҳор намуд, ки  парвариш ва ташаккули шахсияти босаводу соҳибмаърифат вазифаи асосӣ ва муҳимтарини мактабу маориф ба шумор меравад. Маориф ҳамчун соҳаи калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён доштанд, ки «мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем».

Бояд гуфт, ки агар то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 000 донишҷӯ фаъолият мекард, пас ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба беш аз 40 адад ва шумораи донишҷӯён ба зиёда аз 245 ҳазор нафар расидааст.

Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Воқеан дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати  мамлакат барои  бунёди маорифи миллӣ, ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ, баланд бардоштани нуфузи омӯзгорон байни ҷомеа, дастгирии иҷтимоии онҳо, фароҳам овардани шароити муносиби таҳсил ба ҷавонон силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуда, якчанд  барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расонидааст.

Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 – 2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 қабул гардидааст, бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ барои ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии истеъдодҳо таҳия гардидааст. Махсусан, пеш аз ҳама, нақши боризи шаҳри Душанберо дар шаклгирии низоми дарёфт ва рушди истеъдодҳо бояд дарҷ намуд, зеро аввалин Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо маҳз дар шаҳри Душанбе ҳанӯз соли 2008 таъсис ёфт. Натиҷаи мусбати фаъолияти ин муассисаи навтаъсис буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон таъсиси ин марказҳоро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба салоҳи кор донист ва шуруъ аз соли 2015 ин марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бомаром таъсис дода шуданд. Яъне, шаҳри Душанбе саргаҳи низоми муосири рушди истеъдодҳо маҳсуб мегардад.

Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти истеъдодҳо ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ гузаронидани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Илм- фурӯғи маърифат» ба роҳ монда мешаванд. Сарфи назар аз тадбирҳои андешида мушкилот дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба таври зарурӣ ҳал нагардидааст. Ин ба таври кофӣ мавҷуд набудани дастурҳои методӣ, адабиёти илмии кор бо хонандагони боистеъдод, мавҷуд набудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо аст, ки барои рушди қобилияти эҷодии хонандагони боистеъдод ва гузаронидани таҷрибаҳои амалӣ монеа эҷод менамояд.

Бояд гуфт, ки қобилияти хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз гузаронидани корҳои амалӣ ва озмоишгоҳӣ аз фанҳои экология, география, технологияи иттилоотӣ, физика, химия, биология вобастагии калон дорад. Аммо мавҷуд набудани озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муосири фаннӣ дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои амалигардонии қобилияти эҷодии хонандагони боистеъдод ва омодагии онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ мушкилӣ эҷод менамояд.


Дар айни замон барои муассисаҳои томактабӣ дастурҳои илмӣ — методӣ, маводи аёнии таълимӣ, нақша ва барномаҳои махсуси таълимиву тарбиявӣ, механизмҳои самарабахши ошкор намудани истеъдоди кӯдакон ба таври мукаммал таҳия нашудааст. Дар баробари ин, зарур аст, ки дар муассисаҳои томактабӣ кӯдакони дорои қобилияти махсус ба гурӯҳҳои алоҳидаи лаёқатманд ҷудо гардида, кор бо онҳо аз рӯи нақша ва барномаҳои таълимии алоҳидаи дорои мундариҷаи мураккаб гузаронида шавад.

Ба муассисаҳои таълимӣ зарур аст, ки нақша, барномаҳои таълимӣ ва адабиёти дарсии дорои мундариҷаи баланди илмию методии ҷавобгӯ ба талаботи донишандӯзии хонандагони боистеъдод таҳия гардад. Барои ташаккули тафаккури дақиқ ва хулосабарориҳои мантиқӣ зарур аст, ки барномаҳои таълимӣ аз фанни мантиқ омода гарданд. Таъмини ин муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони дорои малакаи баланди касбӣ, хусусан дар синфҳои таълимашон ба забони русӣ ва англисӣ яке аз муҳимтарин мушкилоти соҳа маҳсуб мегардад.

Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён изҳор дошт, ки маориф  дар рушди ҷомеа яке аз соҳаҳои калидию стратегӣ  маҳсуб шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи афзалиятнок ва омили таҳкими давлат  ва наҷоти миллат  арзёбӣ гардидааст. Чуноне ки Пешвои миллат изҳор  намуданд: «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд».

Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025   мутобиқи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ    гардидааст, аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавону ояндасоз дарак дода, бозгўи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар ин самт аст.

Бояд иброз намуд, ки Пешвои миллат аз нахустин рӯзҳои сарварии давлатро ба уҳда гирифтанашон дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду болаёқатро самти муҳимми сиёсати давлатии мамлакат қарор доданд. Дар ин муддат чандин қарору барномаҳои давлатӣ  қабулу амалӣ гардиданд, ки  бешубҳа, ба тарбия ва рушди истеъдодҳои ҷавон мусоидат намуда истодаанд. Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 идомаи мантиқии ҳамон қарору барномаҳои қаблан қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт буда, дар иҷрои амалии он на танҳо  ҳар омўзгор ва мактабу маориф, балки    ҳар шахси соҳибмаърифат, ҳар инсони комилу фозилу ватандўст, ҳар фарди некхоҳи ҷомеа  бояд саҳм бигирад ва худро  масъул  шуморад. Бояд гуфт, ки воқеан ҳам истеъдодҳои ҷавон  ниҳолҳои навбареро мемонанд, ки бештар   ба таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва нигоҳубини хосса ниёз доранд.

Ин барномаи давлатӣ бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ барои ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгў ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии онҳо таҳия гардидааст. Дарёфт, тарбия ва рушди қобилияти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод, ки ояндаи илму маориф ва дар маҷмуъ, ояндаи мамлакат ба онҳо вобастагӣ дорад, муаррифии онҳо дар дохилу хориҷи ҷумҳурӣ яке аз самтҳои фаъолияти маорифчиёни мамлакат ва аҳли ҷомеа  маҳсуб мешавад.   Бо мақсади рушди истеъдодҳои ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат  равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, табиӣ-риёзӣ ва ғайра ташкил шудаанд. Кӯшишҳо барои тарбияи хонандагони боистеъдод ба чашм мерасад.

-Таълиму тарбияи насли ҷавони боистеъдод яке аз ҳадафҳои асосии соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Пешрафти давлат аз захираҳои зеҳнӣ ва рушди тафаккури сокинони мамлакат сахт вобастагӣ дорад. Дастгирии калонсолон инчунин барои кӯдакони лаёқатманд нақши муҳим мебозад. Хуб мешавад, ки дар оянда масъулияти бештаре эҳсос намоему иҷрои босамару муваффақонаи ин ва дигар барномаҳоро дар соҳаи сарнавишсози мамлакат –илму маориф таъмин намоем. Дар ин ҷода ба аҳли ҷомеа ва хусусан Вазорати маориф ва илми  Тоҷикистон барору комёбӣ таманно менамоям, — гуфт дар интиҳо Файзулло Наҷмиддиниён.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и  Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммад Ғаффорзода ва  сараудитор оид ба масъалаҳои истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Раҳмонзода оид ба масъалаҳои истифодаи маблағҳои буҷетӣ бо гузориши муфассал роҷеъ ба иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 сухан гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 25, 2024 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати парлумони Бундестаг мулоқот доир шуд
Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ дар Боку конфронси байнипарламентӣ доир шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ доир мешавад
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд