ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

Апрель 2, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи ҷомеаи инсонӣ собит сохтааст, ки дин дар баробари нақши мусбат доштан дар ташаккули фарҳанги башарӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва муттаҳидии инсонҳо бо мақсадҳои ғаразнок ҳам истифода гардидааст. Дар зери шиорҳои динӣ ҷангҳои хунину кушторҳои зиёде ба анҷом расидаанд, намояндагони илму маърифат, мардони зиёди сиёсат бо баҳонаи ширку бидъат ва кофирию бединӣ таъқибу террор шудаанд.

Муайян намудани ҷойгоҳи воқеии дин дар рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита бо ҳама унсурҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва ба сӯйи созандагию пешрафт равона намудани он яке аз ҳадафҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат буд.

Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд, мутаассифона, дар фазои динии Тоҷикистон аз ҷумла, хурофоту таассуб, ифротгароии динӣ, тафриқаи мазҳабӣ, сиёсикунонии дин, бетарафӣ, бегонапарастӣ, таълими ғайрирасмии динӣ ва ифротишавии баъзе шаҳрвандон дар шароити кунунӣ ҳамчун таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ боқӣ мемонанд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакати мо муносибати қонунгузорӣ нисбат ба таълими динӣ ва фаъолияти муассисаи таълимии динӣ яке аз масъалаҳои бисёр муҳиме аст, ки ба муносибати дину давлат ва маърифати динии мардум робитаи зич дорад. Дар ин робита дар моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» чунин омадааст: «Мутобиқи принсипи ҷудо будани таҳсилоти давлатӣ аз иттиҳодияҳои динӣ таълим дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ хусусияти дунявӣ дошта, дастрас будани намудҳо ва зинаҳои гуногуни таҳсил, новобаста аз муносибат ба дин таъмин карда мешавад».

Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чунин гуфтаанд: «Таҳлилу баррасии иқдомоти давоми беш аз 32 сол амалкардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихиашро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро менамояд».

Вале, тибқи сарчашмаҳои боэътимод, дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар ҷумҳурӣ 680 ҳолат ва соли 2023  300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшӯйии кӯдакону наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 520 ходими дин барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1320 ҷинояти монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсили миёнаи асосии фарзандон ошкор гардидааст. Бо вуҷуди ин 4 ҳазору 150 шаҳрванд бар хилофи тартиби муқарраршуда ба мамлакатҳои хориҷӣ сафар намуда, ба муассисаҳои таълими динӣ ба таври ғайрирасмӣ ҳамроҳ шудаанд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Аз ин рӯ дар ин мулоқот Пешвои миллат дар бораи таҳсили ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат сухан намуда, вобаста ба таҳдиду хатарҳои он чунин изҳор намуданд: «Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки мамлакатҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманона ворид месозанд».

Президенти ҷумҳурӣ инчунин иброз намуданд, ки «дар замони то соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, 15 калисо, ду куништ (синагога) фаъолият дошт. На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ. Вале бо вуҷуди чунин маҳдудияти қатъии он замон на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ».

Мутаассифона, бар ивази ҳама тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгирию пуштибонии давлату Ҳукумат баҳри  муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастию зиёдаравӣ, ифротгаройӣ ва амалҳои террористии дорои хусусияти динӣ ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил меёбанд.

Гумони ғолиб он аст, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии дорои хусусияти динӣ дар шароити кунунӣ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар ҳолати пешгирӣ нагардидан ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.

Бинобар ин аҳли зиё ва намояндагони динро мебояд ҳисси баланди ифтихори миллӣ дошта бошанд, дар фаъолияташон арзишҳо ва манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузоранд. Масъалаи дарки манфиати миллӣ ва ҳимояи он дониши баланди сиёсӣ талаб менамояд. Агар ҷомеа, хусусан ходимони дин бо донишҳои сиёсӣ мусаллаҳ бошанд ва вазъи печидаю мураккаби геополитикии муосирро дарк намоянд, метавонанд аз манфиати миллату давлат ҳамеша пуштибонӣ намоянд ва аз ҳама муҳим, ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатхоҳ гирифтор нашаванд.

Ходими дин, пеш аз ҳама, бояд нисбат ба тақдири ватанаш бетарафу бепарво набошад. Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум буд, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат маҳсуб мешавад.

Ҳамин тариқ, вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ба тарбияи маънавию ахлоқӣ ва дуруст ба роҳ мондани муносибати давлат ва созмону ташкилоти динӣ-мазҳабӣ, дарки дурусти манфиатҳои миллӣ таъсири амиқ гузошт. Мо, ҳамагон- вакилони мардумӣ, фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин вазифадор ҳастем, ки муҳтаво ва гуфтаҳои пурҳикмати Пешвои миллатро дар зеҳни мардум ҷо намоем.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА,
муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд