Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо мақсади муосирсозии либоси миллӣ дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахт корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» ифтитоҳ гардид.
Дар ин корхона пилла то сатҳи ниҳоӣ коркард шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад.
Айни замон дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар корхона матоъҳои атлас, адрас, гирбишин, сатин, беқасаб ва дигар намуди матоъҳо истеҳсол шуда, инчунин дар асоси таҷриба ба қолинбофии дастӣ низ равнақ бахшида мешавад.
Таҳияи Зоҳирҷони Тоирзод,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»












Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






