«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид

Апрель 30, 2024 17:38

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел «Корвони китоб» ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоби Вазорати фарҳанг дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва барои дар амал татбиқ намудани банди 24-и «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, иқдоми тақдими китобҳоро идома медиҳад.

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 261 китобхона дар маҷмуъ 7 ҳазору 271 нусха китоб аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон ба тариқи ройгон дастрас карда мешавад.  Он адабиёти бадеӣ, илмӣ-оммавӣ ва бачагонаро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки ба Китобхонаи Шамсиддини Шоҳин ба маблағи 7 ҳазору 61 сомонию 80 дирам китобҳо ба тариқи ройгон дода шуданд.

Мероси бою гаронбаҳои фарҳангии халқи тоҷик собит месозад, ки тарбияи ҷавонон, пеш аз ҳама, аз фикру ақидаҳои инсондӯстӣ, ахлоқи баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва меҳнатдӯстӣ сарчашма мегирад. Асоси онро хислатҳои олии инсонӣ-олиҳимматӣ, дӯстӣ, росткорӣ, поквиҷдонӣ ва китобхониву китобдӯстдорӣ ташкил медиҳанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2024 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид