Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар шаҳри Саригаши Ҷумҳурии Қазоқистон кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии аз сел зарардидаи Қазоқистон супорида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назарзода иброз дошт, ки кумак ба мардуми бародари қазоқ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд.
Муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҳукумати Тоҷикистон барои кумаке, ки дар чунин давраи душвор ба ноҳияи зарардида расонида шуд, изҳори сипос намуд.
Кумаки башардӯстона, ки аз маводи ғизоӣ, оби ошомиданӣ, масолеҳи сохтмон ва бомпӯши хонаҳо иборат буд, аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бо 61 вагон ва 13 мошини боркаш дар ҳаҷми 3,5 ҳазор тонна, фиристода шуд.
Ёдовар мешавем, ки 19 апрел дар доираи тадбирҳои олии башардӯстона дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офатҳои табиии рӯзҳои охир зарардидаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристода шуд.
Дар натиҷаи обхезӣ дар панҷ минтақаи Ҷумҳурии Қазоқистон 4870 бинои истиқоматии сокинон зери об монда, ба иқтисодиёти ин давлат хисороти зиёд расид.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд






