МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ

Апрель 5, 2024 11:02

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рушди демократия ва таҳкими равандҳои вобаста ба он тақозо менамояд, ки яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир – маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа бошад. Маҳз ин омил ба бе монеа амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, танзими ҳуқуқии фаъолияти ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа мусоидат менамояд. Бо назардошти муҳим будани ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2024-ро дар Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.

 Доир ба ин мавзуъ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират Хидирзода ба АМИТ «Ховар» ибрози назар намуд.

— 30 декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълони соли 2024  ба имзо расид.  Маърифати ҳуқуқӣ василаи муҳимми танзимкунандаи рафтор ва фаъолияти шахс дар ҷомеа ба шумор рафта, омили мусоид баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад. Маҳз сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар дарки муҳим будани риояи чаҳорчӯбаи муайяннамудаи рафтор, ки тавассути қонунгузорӣ муқаррар шудааст, сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеаро муайян мекунанд. Маҳз тавассути маърифати ҳуқуқӣ шаҳрванд имкон пайдо менамояд, ки зарурати қабул ва татбиқи қонунҳоро ҳамчун василаи муҳими танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дарк намояд. Дар ин ҳолат эътимод ба қонун ҳамчун василаи таъмини низом дар ҷомеа боло меравад. Ин масъала барои ҷомеаи мо муҳиммияти хос дорад.

«Маърифати ҳуқуқӣ», «таълимоти ҳуқуқӣ», «иттилоотонии ҳуқуқӣ», «донишҳои ҳуқуқӣ», «шуури ҳуқуқӣ», «фарҳанги ҳуқуқӣ», «тарбияи ҳуқуқӣ» ва ғайра мафҳумҳое мебошанд, ки дар ҳошияи баррасии мавзуи маърифати ҳуқуқӣ васеъ истифода мешаванд. Маърифати ҳуқуқӣ ба сифати ҷузъи таркибии фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти воқеии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳо муваффақ гардад. Доираи васеи донишҳои ҳуқуқӣ ба ташаккули шуури ҳуқуқӣ, ки нишонаи фарҳанги комили ҳуқуқӣ аст, бевосита таъсир мерасонад. Аз ин нуқтаи назар маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун механизми муҳимми таъминкунандаи суботу тартиботи ҷамъиятӣ баромад менамояд, ки баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ягонагии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол нақши арзишманд дорад.

Дар шароити вусъат пайдо намудани ҷаҳонишавӣ ва рушди равандҳои демократӣ аҳамияти маърифатнокии ҳуқуқӣ ба маротиб боло рафтааст. Моҳиятан мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳар шаҳрванд бояд ба мавқеи мустақили шаҳрвандӣ ва шахсияш муносибати бошуурона дошта бошад, ба раванду рўйдодҳои гуногуни ҷамъиятӣ бохирадона муносибат намояд, оқубатҳои ҳуқуқии рафтору амалашро ба хубӣ дарк карда тавонад. Хусусияти вижаи замон ҳамин аст, ки таъсиррасонии гуногуни ғоявӣ, арзишӣ, иттилоотӣ ва маърифатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар василаҳои иттилоотӣ хеле зиёд шудаанд. Дар чунин шароит маҳз донишҳои ҳуқуқии зарурӣ, устувории иродаи сиёсӣ ва мафкуравӣ метавонанд фаъолияти шахсро дар доираи муайяннамудаи қонун ва тартибот таъмин созанд.

Маърифати ҳуқуқӣ раванди мудаввом ва муттасил буда, фарогирии донишҳои зарурии ҳуқуқиро тақозо менамояд. Давомдор будани ин раванд, пеш аз ҳама, ба қонунияти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии рушди ҷомеа алоқаманд мебошанд. Қонунияти мазкур дар заминаи эҳтиёҷоти иҷтимоии навзуҳур танзими меъёрии муносибатҳои ҷамъиятиро тақозо менамоянд. Вобаста ба ин донишҳои ҳуқуқӣ низ доимо такмил меёбанд. Аз ин рӯ, тақозо мегардад, ки шахс дар раванди доимии такмили донишҳои ҳуқуқӣ бошад, то ин ки рафтори ҷамъиятияшро дар доираи он танзим карда тавонад.  Дар ин ҷо ҷанбаи муҳимми дигар – рафтори фаъоли ҳуқуқӣ муайян мешавад. Ба ақидаи бархе аз коршиносон, «рафтори фаъоли ҳуқуқӣ рафторест, ки ба дарки чуқур, мақсаднокӣ ва ташаббускорӣ дар масъалаи татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои давлат, ҷомеа ва дигар шаҳрвандон нигаронида шудааст. Меъёрҳои ҳуқуқ аз ҷониби шахс ҳамчун меъёрҳои ба таври воқеӣ зарурӣ, мақсадноку ифодакунандаи нуктаи назар, талабот ва кӯшишҳои шахсӣ дарк карда мешаванд». Хулосаи мантиқӣ аз ин иқтибос ҳамин аст, ки маҳз дар заминаи маърифати ҳуқуқӣ шахс имкони ташаккул ва амалинамоии шакли хоси рафтори ҷамъиятӣ, аз ҷумла рафтори фаъоли ҳуқуқиро амалӣ менамояд. Ин шакли рафтор тавсифи сиёсии худро низ дорад, ки онро ҳамчун рафтори сиёсии конструктивӣ ва фаъол маънидод мекунад. Рафтори сиёсии конструктивӣ дар доираи талаботу меъёрҳо пазируфтаи ҷомеа сурат гирифта, мақсадаш мусоидат ба рушди он мебошад.

Ҷанбаи дигари муҳимми масъала дар он аст, ки бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд дар заминаи сатҳи баланди маърифат ва фарҳанги ҳуқуқӣ имконпазир аст. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ба сифати самти муҳимми сиёсати давлатӣ эътироф шуда, ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадафҳо дар ин самт тадбирҳои гуногуни меъёрӣ ва институтсионалӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат андешида мешаванд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон«, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 22 августи соли 1997, «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», Барномаи давлатӣ дар бораи таълим ва  тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ки дар якчанд марҳила қабул шуд, нишонаи аҳаммияти мубрами ин масъала дар сиёсати ҳуқуқии мамлакат мебошад.

Ҷанбаи дигари муҳимми таъмини маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон  ҷанбаи рафтории он маҳсуб мешавад. Аз ин нуқтаи назар алоқамандии мутақобилаи институти ҳуқуқ бо институти ахлоқу маънавиёт муайян мегардад. Робитаи мантиқии ин алоқамандӣ дар иҷрои амалҳои ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқии шахс дар доираи меъёрҳои қабулшудаи ахлоқӣ мебошад, ки тавассути василаҳои меъёрӣ дақиқ муқаррар шудаанд. Рафтори шаҳрванд, аз ин нуктаи назар, ҳам ба талаботи ҳуқуқ ва ҳам ахлоқу маънавиёт ҷавобгў будани худро собит месозад. Эҳтироми волоияти қонун, ҳуқуқу манфиатҳои дигар шаҳрвандон, нишон додани сатҳи зарурии масъулияти шаҳрвандӣ ба сифати рафтори ахлоқии муносиб низ маънидод карда мешавад.

Ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки маърифати ҳуқуқӣ ба сифати омили муҳимми раванди иҷтимоишавии сиёсии шахс баромад мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ ва донишҳои ҳуқуқӣ ҷузъи таркибии раванди мазкур буда, барои ташаккули шахсияти шаҳрванд аҳамияти хосса доранд. Иҷтимоишавии сиёсӣ раванде аст, ки шахс тавассути фарогирии арзишҳо, меъёрҳо, шакли рафтор, қоидаҳо ва дигар талаботи зарурӣ ҷомеаро меомўзад ва мавқеяшро дар он муайян менамояд. Дар ин раванд донишҳои ҳуқуқӣ мақом ва аҳаммияти хос дошта, тавассути азбарнамоии онҳо шахс рафтори худро дар доираи муқаррароти муайяншуда танзим менамояд. Маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки ӯ ҳувияти шаҳрвандияшро ташаккул диҳад, мансубияташро дар давлати муайян дарк ва эътироф намояд, ҳуқуқу вазифа ва уҳдадорию масъулияти шаҳрвандияшро шиносад. Олимон доираи меъёрҳоеро муайян намудаанд, ки  тавассути онҳо ба сатҳи иҷтимоишавии сиёсии шахс баҳо гузошта мешавад. Ба қатори онҳо тибқи акидаи олимон:  «… мавҷудияти низоми арзишҳо ва меъёрҳои сиёсӣ, қобилияти таҳияи барномаҳои рафтори сиёсӣ, ки ба мақсад ва шароит мувофиқ ҳастанд, сатҳи фаъолнокӣ дар ҳаёти сиёсӣ, эҳтиром ба ақида ва мавқеи дигарон, сатҳи умумии фарҳанги сиёсӣ, қобилияти ҷалби дигарон ба фаъолияти сиёсӣ, қобилияти гузоштани мақсадҳои сиёсӣ ва татбиқи онҳо дар амалияи сиёсӣ, инчунин суботи ангезаҳои сиёсӣ дохил мешаванд». Ҳамаи амалҳои муқарраршуда ҳамон вақт барои ҷомеа муфид арзёбӣ мешаванд, ки агар онҳо дар доираи муқаррарнамудаи меъёрҳои ҳуқуқӣ заминаҳои танзими худро дарёбанд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат маърифати ҳуқуқӣ ба сифати ҷузъи таркибии раванди иҷтимоишавии сиёсии шахс арзишманд мегардад. Дар натиҷаи иҷтимоишавии сиёсӣ шахс муносибаташро ба дигарон ва муҳити иҷтимоӣ муайян намуданро меомўзад. Самаранокии иҷтимоишавӣ аз рўйи се нишондиҳандаи муҳим муайян  мешавад: «Инсон ба инсони дигар чуноне, ки ба худ муносибат менамояд, муносибат мекунад; инсон мавҷудияти меъёрҳоро дар муносибатҳои байни одамон эътироф мекунад; ҳадди зарурии танҳоӣ ва вобастагии нисбӣ аз дигар одамонро эътироф менамояд ё худ эътироф мекунад, ки байни нишондиҳандаҳои «танҳоӣ» ва «вобастагӣ» тавозуни муайян мавҷуд аст. Ба таври умум, иҷтимоишавӣ ин қобилияти инсон вобаста ба зиндагӣ карда тавонистан дар фазои меъёрҳои иҷтимоии муосир дар низоми «Ман ва дигарон» мебошад».

Аз ин нуктаи назар, нақши маърифати ҳуқуқӣ дар ҷанбаи боз ҳам дақиқтар аён мегардад. Яъне, шахс маҳорату малакаи зиндагӣ дар муҳити иҷтимоиро бо риояи тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аз худ менамояд. Дар натиҷа имкони ташаккули муҳити бенизоъ муҳайё мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти ҳуқуқу озодиҳои худ муваффақ гашта, мавқеи устувори сиёсии худро низ ташаккул диҳад. Фазои сиёсии Тоҷикистон, ки гуногунақидагиро муҳайё намудааст, ба шаҳрвандон имкон фароҳам овардааст, ки аз ҳуқуқҳои сиёсии худ низ истифода баранд. Дар ин роҳ ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва ҳуқуқи ба узвияти ҳизбҳои сиёсии дар кишвар расман фаъолияткунанда шомил шудан яке аз намунаҳои онҳо мебошанд. Ногуфта намонад, ки ҳизбҳои сиёсӣ низ дар масири такомули сатҳи маърифати ҳуқуқии аъзои худ бояд масъулият дошта бошанд, то ин ки ҳар як узви онҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои худро вобаста ба узвияташ дар ин ё он ҳизб донанд ва дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ фаъолият намоянд.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунандаи мамлакат масъалаи таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ҳам муқаррар намудааст. Маҳз  фаъолият дар доираи ин меъёрҳои  қонунгузорӣ муайянкунандаи сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад. Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеа маърифати ҳуқуқӣ василаи муҳимми танзими фаъолияту рафтори сиёсии шахс ба ҳисоб меравад. Иттилоот ва донишҳои муътамади ҳуқуқӣ омили зарурӣ дар самти таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ низ эътироф гардидааст. Маҳз сатҳи матлуби маърифати  ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки шахс аз амалҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва қонуният худдорӣ намуда, дар пешгирии содиршавии чунин амалҳо саҳм гузорад. Аз ин нуқтаи назар, маърифати ҳуқуқиро метавон ҳамчун василаи муҳимми пешгирикунандаи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар ҷомеа номид.

Хусусан дар марҳилае, ки қонунвайронкунӣ ва ҷиноятҳо метавонанд на танҳо дар фазои воқеӣ, балки дар фазои маҷозӣ ҳам содир шаванд, маҳз маърифати баланди ҳуқуқӣ метавонад моҳияти калидии пешгирикунанда дошта бошад. Ба қатори чунин ҷиноятҳо, пеш аз ҳама,  ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ дохил мешаванд, ки нафарони ноогоҳ тавассути тарафдорӣ ва ё паҳн намудани ақидаҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба он даст мезананд. Мутаассифона, даҳҳо нафар ҷавонон маҳз бо сабаби паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқияшон чунин амалҳоро содир намудаанд. Омори ҷиноӣ худ бозгӯйи ҳақиқати ҳол ва мавҷудияти мушкилӣ дар ин самт мебошад. Вобаста ба ин зарурати тақвияти фаъолияти маърифатию иттилоотӣ дар самтҳои зерин мавҷуд аст: диққати ҷиддӣ додан ба масъалаи сатҳи иттилоърасонии ҳуқуқӣ дар ҷомеа бо назардошти василаҳои муосири иттилоот, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар платформаҳои иттилоотӣ; дастрасу фаҳмо намудани мазмуни иттилооти ҳуқуқӣ, тафсири саҳеҳу равони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки донистани онҳо дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим доранд; ташаккули малакаҳои рафтори ҳуқуқие,ки ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ бошанд ва ғайра.

Бояд гуфт, ки маърифати ҳуқуқӣ омили зарурии неруманде аст, ки ба сатҳи умумии маърифатнокии шахс таъсири амиқ мегузорад. Он вазифаҳои танзимнамоӣ, функсионалӣ ва мутобиқшавиро иҷро намуда, имкон медиҳад, ки тавассути худтанзимнамоии рафтор шахс муносибаташро бо дигар субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян намуда, мутобиқшавии иҷтимоию ҳуқуқиро дар дилхоҳ муҳит муваффақона ба сомон расонад. Хусусан вақте ки сухан сари мутобиқшавӣ ба муҳити иҷтимоӣ меравад, донишҳои ҳуқуқӣ аҳаммияти хос пайдо менамоянд.

Вобаста ба нақши маърифати ҳуқуқӣ дар таъмини камолоти сиёсию ҳуқуқии ҷомеа метавон иброз намуд, ки он василаи муҳимми танзимкунандаи фаъолият ва рафтори шахс дар ҷомеа буда, маҳз тавассути меъёрҳои азхуднамуда, донишҳои ҳуқуқии азбарнамуда ва сатҳи иҷтимошавӣ шакли хоси муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шахс, гурўҳ ва ҷомеа ташаккул меёбад. Тавассути онҳо волоияти қонун таъмин гардида, шахс мустақилона муносибаташро ба раванду ҳодисоти гуногуни муайян мекунад. Ҷанбаи муҳимми ин муносибатҳо дар ҷавҳари қонунмеҳварии онҳо мебошад. Ин омил дар замони муосир вижагӣ ва аҳаммияти хос дорад. Маҳз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, доираи васеи донишҳои ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ яке аз ченакҳои муаррификунанда дар роҳи ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад.

Дар заминаи таҳлили маводи фаровони илмию иттилоотӣ зарурат ва мубрамии эълони соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқиро асоснок намуда, иқдоми пешниҳоднамудаи Пешвои миллатро метавон ҳамчун нишонаи дарки эҳтиёҷоти иҷтимоӣ маънидод намуд, ки барои камолоти минбаъдаи ҳуқуқии ҷомеа роҳро ҳамвор менамояд.

Дар соли таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани ин иқдом амри зарурӣ ва саривақтӣ буда, дар ҷаҳди боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа аз аҳаммияти хос бархӯрдор аст. Таҳлил ва омӯзиши масъала ҳам нишони он аст, ки тадбирҳо дар самти тақвияти сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон дар роҳи рушди минбаъдаи ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд. Таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷомеа тавассути василаҳои гуногуни муосир имкони рушди ҷомеаро дар маҷрои қонунмеҳварӣ ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ боло мебарад.

АКС аз бойгонӣ

 

Апрель 5, 2024 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»