МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода

Апрель 6, 2024 16:08

ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мо, тоҷикон  хушбахтем, ки аз ниёгон як сарзамини беҳтаринро ба мерос гирифтаем ва имрӯз соҳиби  Ватани мустақилу обод ҳастем. Муқаддас будани ҳифзи Ватан ва содиқона  хизмат намудан ба онро  дини мубини Ислом низ таъкид мекунад. Дар ҳадисе низ омадааст, ки «дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳам таъкид гардидааст, ки саҳм гузоштан дар ободии Меҳан ин ибодат аст». Чунин иброз дошт  раиси Шурои  уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар суҳбат бо  мухбири АМИТ «Ховар» дар ҳошияи  суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ, ки 9 марти соли равон баргузор гардид.     

Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки «тавре ҳамаамон мушоҳида кардаем, ҳар вақте меҳмонони хориҷӣ ба сарзамини мо меоянду  манзараҳои зебою нотакрори табиати  Тоҷикистонро тамошо мекунанд, аз он ба ваҷҳ омада, мафтуни ин сарзамин  ва мардуми меҳмоннавозу меҳнатқаринаш  мешаванд. Ҳол он ки дар ҷаҳон миллатҳои зиёде ҳастанд, ки ватан надоранд. Пас, месазад, ки  мо ҳамеша аз соҳибватан буданамон шукр кунем, ифтихор созем  ва барои ободии бештари он  талош намоем».

«Ин суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «дар хотир дошта бошед, ки касе дар фикри обод намудани Ватани мову шумо, хонаву дару кошонаи мову шумо нест. Мо худамон бояд Ватани аҷдодиамонро обод созем ва барои наслҳои оянда як давлати мутамаддину пешрафта ба мерос гузорем»-ро ҳаргиз фаромӯш насозем ва тибқи он амал намоем»,- таъкид намуд раиси Шурои  уламо .

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, «дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст. Тоҷикистон Ватани ҳар яки мо аст ва мо онро дӯст медорему ободиву шукуфоии онро мехоҳем. Ин дӯст доштани Ватанро гӯшаи ҷудонашавандаи имон медонем. Пас ҳар нафаре, ки худро мусалмон медонад, дар қалбаш дӯст доштани Ватан дар мадди аввал бояд бошад».

“Моро месазад, ки аз  сулҳу салоҳи мамлакатамон шукргузорӣ намоем. Чунки ин оромиву амнияти саросарии давлат боис шудааст, ки мову шумо бо дили пур якҷоя намозро бо ҷамоат мехонем. Аксари мо ҳодисаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар ёд дорем ва рӯйдодҳои кишварҳои ноамнро ҳам мушоҳида менамоем. Мардум аз рафтан ба масҷид метарсид, зеро касе кафолати амнияти мардумро дода наметавонист. Вақте амну осоиш ҳукмфармо набошад, инсон дар масҷид – дар дохили хонаи Худо ҳам бошад, комилан бо ёди Худо буда наметавонад. Худоро шукр, имрӯз амну осоиштагии мо барқарор аст ва ин ҳама моро водор ба шукргузорӣ менамояд”,-таъкид намуд номбурда.

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки  «бузурге фармуда «касе, ки ватанашро дӯст намедорад, ҳеҷ чизи дигареро дӯст дошта наметавонад». Воқеан, Ватан ягона арзише ҳаст, ки дар ҳеҷ давру замон ва бо мурури тағйир хӯрдани дунё ва сохти кишварҳо волоият ва маҳбубияту маъруфияташро аз даст нахоҳад дод. Тамоми таълимоти диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бе муҳаббати қобили пазироии дигар меҳру муҳаббат буда наметавонад».

«Як хислати муҳими ватандӯстӣ ҳамин аст, ки инсони солимандеш нисбат ба пешрафт ва мушкилоти меҳанаш бепарво ва бетараф буда наметавонад. Пешрафти ватанашро аз они хеш ва камбуду нуқсони ӯро низ ҳамчун мушкилоти худ арзёбӣ менамояд. Ин беҳтарин фазилате аст, ки инсонҳо аз ибтидои дар домани кишварҳои алоҳида ва мулкҳои ҷудогона зиндагӣ кардан аз бар намудаанд. Ҳама динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дини мубини Ислом низ дӯст доштани ватан ва ҷонфидоӣ ба хотири онро ҳамеща таблиғ менамоянд»,- таъкид намуд мавсуф.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дини мубини Ислом ба халқу Ватан садоқат доштанро бисёр қадр менамояд. Ҳар инсон, хусусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар мафҳуми шаҳрванд дар назди ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин уҳдадориҳо ва масъулияти бузурге дорад, аз ҷумла ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ, яъне ҳифзи марзу буми Ватан.

«Моро зарур аст, ки ба қадри меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хиради волояшон дар ҷумҳурӣ  сулҳу суботро таъмин намуданд, бирасем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи гурӯҳҳои фитнаҷӯву иғвоангез нагардем. Чунки гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои худ аз дини Ислом суиистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳояшон ноил шаванд. Дар асл ҳам иғвоангезон ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар мамлакат нооромӣ созанд, аммо бадхоҳу душман ҳаргиз ба мақсад нарасидаасту оқибат бадном гардидааст»,-таъкид намуд Раиси Шурои уламо.

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар анҷоми суҳбат таъкид намуд, ки   вазифаи аввалин ва муқаддастарини ҳар шаҳрванд дӯст доштан,  муҳофизату  обод  кардани Ватан мебошад. Муҳимтарин хислати ватандӯсти асил ҳамин аст, ки барои муҳофизати Ватан ҷонашро дареғ намедорад. Хулоса ҳар фарди ҷомеа фарзандонашро бояд дар руҳияи арҷ гузоштан ба  Ватан тарбия намояд ва дар ниҳоди онҳо садоқати баланди ватандӯстӣ бипарваранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2024 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд