Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Апрель 5, 2024 11:55

ДУШАНБЕ, 05.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир гардид.

Дар мулоқот масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла тақвияти кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни мулоқот масоили ҳамкории байниҳукуматӣ асосан дар соҳаҳои иқтисод, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардида, ҷиҳати рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои байниҳукуматӣ дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 5, 2024 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид