Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд

Апрель 19, 2024 10:57

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо доир гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин мусобиқа паҳлавонони тоҷик аз рӯйи 8 вазн байни мардҳо барои ишғоли ҷойҳои намоён рақобат намуданд. Дар натиҷа Эмомалӣ Қурбонов дар вазни то 53 кг, Масъуд Куканшоев дар вазни то 58 кг, Сорбон Латипов дар вазни то 64 кг, Муҳаммад Раҷабов дар вазни то 71 кг, Деваштич Убайдӣ дар вазни то 79 кг, Зафар Олимшоев дар вазни то 88 кг, Комрон Карликов дар вазни то 98 кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни +98 кг бар ҳарифон дастболо гардида, унвони чемпиони Тоҷикистонро дар соли 2024 сазовор шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки аз ҳисоби ғолибон дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо таъсис дода мешавад. Даста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон иштирок намуда, шарафи варзишии Тоҷикистонро ҳимоя менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 19, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд