Озмун барои дарёфти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид

Апрель 8, 2024 15:43

ДУШАНБЕ, 08.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» даври ниҳоии озмун барои дарёфти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2023-2024 байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин муассисаи давлатӣ хабар доданд.

Дар оғози ҳамоиш Раиси Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, муовини Раиси шаҳри Душанбе бо аъзои комиссия ва мутасаддиён вохӯрӣ намуда, барои дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани озмун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиён дарстуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта шуд, ки даври ноҳиявии озмун аз 28 март то 2 апрел дар сатҳи ноҳияҳои шаҳр бо иштироки беш аз 2 ҳазор довталаб доир гардида, 500 хонандаи муассисаҳои таълимӣ, 193 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Даври ниҳоии озмун аз 8 то 13 апрел идома меёбад. Довталабоне, ки холҳои баландро соҳиб мешаванд, гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мешаванд.

Ғолибон дар чорабинии бошукуҳи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе қадрдонӣ мешаванд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»

Апрель 8, 2024 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд