Раиси «Амонатбонк» ва ҳайати Бонки Рушди Осиё татбиқи Созишномаи зерқарзиро баррасӣ намуданд

Апрель 5, 2024 08:55

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи Созишномаи зерқарзие, ки байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва «Амонатбонк» оид ба ҷудо намудани маблағи қарз аз ҳисоби Созишномаи грантии Бонки Рушди Осиё дар доираи «Барномаи баланд бардоштани устуворӣ тавассути хароҷоти фаъоли зиддисиклӣ» ба маблағи 50 миллион сомонӣ ба имзо расида буд, дар мулоқоти раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо роҳбари ҳайати кории Бонки Рушди Осиё Дай Чанг Сонг дар Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки раиси Раёсати «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода аз раванди азхудкунии маблағҳои ин созишнома ва таваҷҷуҳи бештар доштани мизоҷон ба чунин намуди қарз ибрози назар намуда, гуфт, ки «Амонатбонк» ҳамчун институти молиявии ҷумҳурӣ дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Раванди пешниҳоди қарз махсусан ба занони соҳибкор дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон таваҷҷуҳи намояндагони Бонки Рушди Осиёро бештар ба худ ҷалб намуд. Роҳбари ҳайати кории Бонки Рушди Осиё Дай Чанг Сонг гуфт, ки дар оянда низ омода аст дар дигар самтҳои гуногун бо «Амонатбонк» ҳамкориро таҳким бахшад.

Дар интиҳо раиси Раёсати «Амонатбонк» ва роҳбари ҳайати кории Бонки Рушди Осиё барои тақвияти ҳамкории дуҷониба ба тавофуқ расиданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Апрель 5, 2024 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст