Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод

Апрель 5, 2024 11:42

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки ин мулоқот ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии ду давлат такони ҷиддӣ мебахшад. Сатҳи равобити Тоҷикистон ва Туркманистон, пеш аз ҳама, ба хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои Пешвои миллии халқи туркман муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов вобаста аст.

Таъкид шуд, ки Туркманистон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд.


Иброз гардид, ки Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Туркманистон яке аз аввалин гурӯҳҳое аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси Парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

«Мо инчунин метавонем кори гурӯҳи дӯстиро оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ, бахусус дар заминаи равандҳои ҳамгироӣ идома диҳем ва мутобиқан аз имконияти ҳамкорӣ пурратар истифода намоем. Бовар дорем, ки табодули ҳайатҳо дар сатҳи роҳбарони парлумонҳо ва гурӯҳҳои дӯстӣ ба рушди ин самти ҳамкорӣ мусоидат менамояд», — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 5, 2024 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ