Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид

Апрель 19, 2024 17:06

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба вазъи иқтисодии мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, рақамикунонӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дигар самтҳои таъмини рушди иқтисодӣ дар мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани, ки дар шаҳри Вашингтон доир гардид, баррасӣ шуданд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба вазъи макроиқтисодии мамлакат дар соли 2023 маълумот дода, гуфт, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз шарикони асосии таъмини рушди устувори Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас дорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили сохтмони иншооти бузурги стратегӣ – «Неругоҳи барқи обии Роғун», маблағгузории Тоҷикистон барои соли 2024 дар ин лоиҳа ва ҷалби маблағгузории алоҳида тавассути лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ, инчунин барои зиёд кардани захираҳои молиявӣ ва беҳтар шудани сифати сандуқи қарзии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули андеша намуданд.

    АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 19, 2024 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд