ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад

Апрель 20, 2024 08:29

ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон имрӯз таҳти роҳбарии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хориҷии аз рӯи принсипи «дарҳои боз», ки дар меҳвари он ҳамгироӣ ва дӯстӣ бо ҷаҳони мутамаддин қарор дорад, ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст. Яке аз самтҳои муҳимму афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакатро, қабл аз ҳама, ҳамсоягии нек бо кишварҳои минтақа ташкил медиҳад. Махсусан ин сиёсат дар робита ба Ҷумҳурии Узбекистон имрӯзҳо ба таври хеле фаъол ва самаранок амалӣ мегардад. Ин нуктаро муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои иқтисодӣ Саид Ғоибназарзода дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар» баён намудааст.

— Албатта, дар густариши муносибати ду миллати ба ҳам дӯсту бародар ва дорои умумияти зиёди таърихию фарҳангӣ нақши сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барҷаста мебошад. Маҳз дар доираи сиёсати ду роҳбари хирадманду дурандеш ба ҳарду ҷониб муяссар гардид, ки дар ҳама самтҳо робитаҳои судманду самарабахш ба роҳ монда шаванд.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди шарикии стратегӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ тақвият ёфта, дар ин асно санадҳои нави ҳамкории мутақобилан судманди ба манфиати ду миллати бо ҳам дӯсту бародар ба имзо расиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки баъди дар сатҳу сифати нав ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии сиёсию иқтисодӣ дар ҳафт соли охир гардиши мол байни давлатҳо тақрибан чил баробар афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳаҳои асосии макроиқтисодии байнидавлатӣ имконият фароҳам оварданд, ки сатҳу сифати зиндагии мардумони ҳарду давлат ба маротиб беҳтар гардад.

Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ, рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва амният изҳори қаноатмандӣ намуданд. Нақши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар таъмиқи муносибатҳои ду давлат назаррас арзёбӣ гардид.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ, тиҷорати электронӣ ва хизматрасонии замонавии саноатӣ самтҳои наву ояндадори робитаҳо дониста шуд.

Инчунин зимни мулоқот таъкид гардид, ки бастаи нави санадҳои дуҷонибаи имзошуда, аз ҷумла ҳуҷҷати таърихии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ заминаи ҳуқуқии ҳамкориро ба таври назаррас тақвият мебахшад. Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, мошинсозӣ, коркарди муштараки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзуъҳои дигари музокироти сатҳҳои байнидавлатӣ арзёбӣ гардид. Рушди ҳамкорӣ дар сохтмони муштараки неругоҳҳои бодию офтобӣ аз самтҳои судовари робитаҳои ояндаи ду давлат таъкид гардид.

Дар доираи сафари давлатии навбатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавқат Мирзиёев масъалаҳо оид ба густариши робитаҳо дар соҳаи нақлиёт, боркашонӣ, таъсиси хатсайрҳои нав байни минтақаҳои ду мамлакат ва идомаи талошҳо ҷиҳати сохтмони роҳҳои оҳан мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Узбекистон имкон доранд ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд.

Сафари навбатии давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳури Тоҷикистон 18-19 апрели имсол нишони тақвияти сатҳи баланди ҳамкорӣ ба шумор меравад. Ин меҳмони олиқадр бо шукуҳу шаҳомати сатҳи олӣ аз ҷониби мардуми меҳмондӯсти мамлакат пешвоз гирифта шуд. Дар ҳошияи ин сафари расмӣ Форуми байнидавлатии соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид.

Хулоса, ташаббусҳои ҷонибҳо таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дӯстии ду миллати ҳамҷаворро боз ҳам қавӣ ва наздик намуда, дар арсаи байналмилалӣ обрӯю эътибори давлатҳоро боло мебардоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст
Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ дониста, онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд
Конститутсия омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
30 соли мавҷудият ва 30 нақши Конститутсия дар пешрафту инкишоф, назму тартибот, амнияту субот ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»
МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ОИНАИ ҚОНУН. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ УМДАИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ. Он василаи пайванд ва муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
Сулаймон Султонзода: «Конститутсияи Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳаки асосӣ аст»
30 СОЛИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН. Он бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ НИЗ НАМУНАИ ИБРАТ МЕБОШАНД. Дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ