«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодагӣ ва иштирок дар намоиши байналмилалии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим», ки моҳи сентябри имсол дар Британия баргузор мегардад, дар мулоқоти маҷозии директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафар Иброҳимзода бо намояндагони Осорхонаи Британия Линдаси Снук ва доктор Ю-пинг Лук баррасӣ гардид.
Назар ба иттилои сардори шуъбаи методӣ ва омода кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов, ҳадафи мулоқот дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва баргузор намудани намоиши байналмилалии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» буд, ки моҳи сентябри имсол дар осорхонаи Британия гузаронида мешавад.
Мусоҳибон масоили бастубанди нигораҳоро тибқи муқаррароти осорхонавӣ, интиқоли безарари онҳо ба Британияи Кабир ва баргардонидани онҳо, муҳлати баргузории намоиш, омода намудани раводид, қабули даъватномаҳо ва иштироки ҷониби Тоҷикистон дар намоиш, ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи Британияи Кабир ва дигар паҳлуҳои раванди омодагӣ ба ин намоишро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки ёдгориҳои Осорхонаи миллӣ аввали моҳи августи имсол аз ҷониби намояндаи Осорхонаи миллӣ ва ширкати Глобалинк ба Осорхонаи Британияи Кабир интиқол дода мешаванд.
Зафаршо Иброҳимзода таъкид намуд, ки иштироки Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар чунин намоиши сатҳи байналмилалӣ мояи ифтихор аст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






