ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, душанбе, 92-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи парандагон қабул гардид.
***
1 апрели соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Адиб» таъсис дода шуд.
***
1 апрели соли 2009 Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии мол»-ро қабул намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар Тоҷикистон барои дастрас намудани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандони хориҷии ташрифоваранда нархномаи ягона ҷорӣ гардид.
***
1 апрели соли 2015 Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
***
1 апрели соли 2019 дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25-солагии Истиқлолият» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
7 сол муқаддам, 1 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба вазъи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, ҳамчунин ҳамёрии ду давлат дар доираи Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни суҳбати самимӣ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими равобити байнипарламентии Тоҷикистон ва Корея мароқ зоҳир шуд.
***
1 апрели соли 2022 дар фазои тантанавӣ дар Тоҷикистон Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кушода шуд.
***
1 апрели соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коркарди меваро мавриди истифода қарор доданд.
1 АПРЕЛ:
Рӯзи ханда.
***
Рӯзи байналмилалии парандагон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ибодулло Машрабов- соли 1954- Ҳунарманди халқии Тоҷикистон