ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 апрел, душанбе, 99-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 8, 2024 08:00

8 апрели соли 1992 дар Душанбе протокол оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2002  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок намуданд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

***

8 апрели соли 2011 Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сершумори қишрҳои гуногуни аҳли ҷомеа доир ба ҷамъбасти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрӣ намуданд.

***

 8 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи ҳарбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид.

***

8 апрели соли 2019 паҳлавони шинохтаи  тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран Прии Анталия соҳиби медали биринҷӣ шуд.

***

Дар ин рўзи соли 2022 лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид.

***

8 апрели  соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Зарҳалол»-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки «Фарзанди Ватан»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

***

8 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи  Русия  муҳтарам Владимир Путин ба муносибати 30-солагии барқароршавии  робитаҳои дипломатии байнидавлатӣ   мубодилаи барқияҳои табрикӣ намуданд.

***

8 апрели соли 2023 Тоҷикистон ва Сербия масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

8 АПРЕЛ:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи иқтисодчиён.

***

Дар Русия- Рӯзи аниматсия.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ: 

Ато Мирхоҷа — соли 1963 — рӯзноманигор, шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Апрель 8, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш