ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода

Апрель 15, 2024 17:33

ДУШАНБЕ, 15.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираҳои илмию  идоракунӣ пешгӯӣ аз равандҳои ҷаҳони муосирро ба муддатҳои тулонӣ яке аз масъалаҳои мураккабу аксар маврид имконнопазир медонанд, зеро ба амалишавии ин равандҳо омилҳои гуногуну печида, ки дар бештари ҳолат аз камрангӣ ва ба хотири ҷузъӣ буданашон ба назарҳо нонамоён мемонанд, таъсири ҳалкунанда мерасонанд. Бинобар ин барои ба воқеият наздик шудани ҳама гуна пешгӯию пешфарзҳо зарурати доштани диди фароху пуртаҷриба муҳим ба шумор меравад. Вобаста ба ин мавзуъ чанде пеш, аниқтараш охирҳои соли 2023- юм мутафаккири маъруфи муосири амрикойӣ Ҷон Миршаймер китоберо таҳти унвони “Давлатҳо чӣ тавр андешаронӣ мекунанд” ба нашр расонид, ки аз ҷониби доираҳои илмию коршиносӣ хеле хуш пазируфта шуд[6]. Асли андешаи Ҷ. Миршаймер дар ин асар аз он иборат аст, ки давлатҳо таҳти идораи лидерҳои фарохбину умқандеша ҳамеша рафтору амали худро борикбинонаю оқилона анҷом медиҳанд. Барои дарки ин масъала муҳаққиқро мебояд ба умқи фикру андешаҳои ин гуна шахсиятҳо бомулоҳиза фурӯ равад ва онро беғаразона ба риштаи таҳлилу тасвир баркашад. Ӯ барои исботи ин пешфарз, ки дар муқаддимаи асараш ишора кардаааст, аз ҳодисаҳои марбут ба амалиёти вижаи ҳарбии Русия, берун кашидани нерӯҳои низомии амрикойӣ аз Афғонистон, танишҳои иқтисодию сиёсии миёни Чину олами ғарб ва дигарҳо мисолҳои фаровони ҳаётӣ меорад. Дар байни омилҳои вобаста ба зуҳури ин ҳолатҳо Ҷон Миршаймер пайвастагии ногусастании онҳоро бо умқи андешаҳои шахсиятҳои сиёсие вобаста медонад, ки даст дар қабули қарорҳои ниҳоӣ доранд ва мавқеъгириашон аз чигунагии дар паҳлуи тарозуи ақлгаройӣ баркашидани зарурияту оқибатҳои чунин иқдомҳо бармеоянд. Яъне, ӯ давлатҳоро ҳамчун вуҷудҳои зиндае меҳисобад, ки ҳамеша барои таъмини ҳолати устувори худ оқилона рафтор мекунанд ва бартарияти такя ба эҳсосу тасаввуроти носанҷида дар онҳо камтар мушоҳида мешавад.

Бардошт аз ин равиши таҳлилӣ зимнан дар зеҳни мо як силсила мулоҳизаҳоро оид ба маҷмуи иқдомҳои дар солҳои гуногун андешидаю дар амал татбиқнамудаи Пешвои миллат ба хотири пойдории ҳастии давлати Тоҷикистон зинда сохт, ки намунаҳои зиёди онҳо дар суханрониҳою мулоҳизаҳояшон оид ба масъалаҳои ҳаёти дохилии кишвар, минтақа ва ҷаҳон дарҷ гардидааст. Иқдому ҳидоятҳо барои зарурати ташкили низоми устувори давлатдории миллӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди кишвар, таҳким бахшидани робитаҳо бо кишварҳои минтақаю олам, муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён тавассути ташаббусҳои глобалӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Маҳз дар заминаи ҳамин диду назарҳо иқтидори посухгӯии муносиб ба талаботи имрӯзаи инкишофи ҷомеа ба даст омада, эҳсоси ҳамшарикии мардум низ дар ташаккули робитаҳои бунёдии ҷамъиятӣ пурқувват гардид. Ин воқеан ҳам масъалаест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмину таҳкими пояи давлатдории миллии худ ба он таваҷҷуҳи бештар медиҳад.

Падидаҳои зикршуда гувоҳи онанд, ки имрӯз суръати ҳамдигарро пушти сар гузоштани ҳодисаҳои ҷамъиятӣ хеле афзоиш ёфта, онҳо баъзан имконияти сареъ ба даст овардани донишҳои муназзаму муътамадро оид ба тамоюлҳои рушди ҳаёти имрӯзаи ҷомеа маҳдудтар месозанд. Бинобар ҳамин ҳам, барои берун омадан аз чунин ҳолат зарурати ташаккули заминаҳои ифодаи системаноки вазъи кунунии инкишофи таърихии ҷомеаҳои муосир дар доираи мафҳуму категорияҳои нави илмӣ меафзояд.

Бо назардошти ин ва дигар масъалаҳои марбут ба таъмини заминаҳои ақлонии идоракунии равандҳои иҷтимоии имрӯза дар кулли ҷомеаҳои пешрафта таваҷҷуҳ ба дарки зарурати такя кардан ба маълумотҳои санҷидашуда ҳини ба танзим даровардани онҳо меафзояд ва омӯзиши онҳо густариш пайдо мекунад. Амалан ин раванд дар он таҷассум меёбад, ки имрӯз ҷомеаҳои пешрафтаи дунё бидуни омӯзиши пешакии ҷараёни ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, ки аслан самти онҳоро манфиату арзишҳои аъзоёни ҷомеа муайян менамоянд, қабули қарорҳо ва пешбинию тарҳрезии самти инкишофашонро тасаввур намекунанд. Мушоҳидаи дарки чунин зарурат дар ҷомеаҳои мавқеи канорагириро аз равандҳои муосир интихобнамуда  одатан мушкил аст, зеро муайян кардани равандҳои иҷтимоӣ дар онҳо сахт ба ҳисси нотавонии иродавӣ вобаста буда, таъсири афрод дар алоҳидагӣ ба ин ҷараёнҳо маҳдуд мегардад. Инро метавон чунин тафсир ҳам намуд, ки ташаккули муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин маврид пайравӣ аз арзишҳои куллан рӯи урфу одат ва анъанаҳо асосёфта муайян менамоянд, на талоши баҳрабардорӣ аз паёмадҳо ва бартарафсозии тамоюлоти ногувори онҳо. Яъне иктифои ҷомеаҳои муосир танҳо ба сатҳи муносиботи соддаи анъанавӣ имкони ба танзим даровардани тартиботи иҷтимоиро пурра таъмин карда наметавонад. Ин шаҳодати он аст, ки  ҷомеаҳои  муосир  бидуни омӯзиши пайвастаи равандҳои иҷтимоӣ наметавонанд идоракунии оқилона худро таъмин намоянд ва барои рушди босуботи ҷомеа заминаҳои воқеие, ки рӯи манфиату арзишҳои дар афкори умум таҷассумёбанда қарор дошта бошанд, муҳайё созанд.

Таҳдидҳои амниятие, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам сар мезананд, зимнан ҷойгоҳи арзишҳои таҳаммулгароию фарҳангиро дар фазои равобити сиёсию иҷтимоӣ тангтар месозанд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат ҳанӯз аз аввали солҳои 2000-ум зимни мушоҳидаю ҳадсзании борикбинонаи худ аз зуҳури коҳиши зарфияти эътимоди инсонҳо нисбат ба ҳамдигар, шикасти саросарии низоми зистмуҳитии бехатари иҷтимоии кишварҳои алоҳида бар асари талошҳои афзояндаи тақсими ҷаҳон, домангустарии ифротгаройӣ ва хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ҳамчун омилҳои асосии ин равандҳо ҳушдор дода буданд. Яъне аз он замон то имрӯз ин таъкидҳо пайваста дар сатҳҳои гуногун аз ҷониби Пешвои миллат садо медоданд ва сол аз сол тобишҳои ба талаботи рушди ҷомеаи башарӣ муносибро касб мекарданд. Аз ин рӯ, мо барои исботи чунин қазоват дар ин ҷо бо истифода аз усули таҳқиқоти сотсиологии “таҳлили муҳтаво” андешаҳои мазкурро ба таври мухтасар марҳила ба марҳила мисол овардем, ки изҳори онҳо аз соли 2000 инҷониб ба таври пайваста оғоз меёбад:

“Аз касе пӯшида нест, ки баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ тақсимбандии ҷаҳон аз нав шуруъ гардид. Агар равшантар гӯем, талоши давлатҳои абарқудрат барои соҳиб шудан ба манбаъҳои бузурги ашёи хому сӯзишворӣ қувват гирифта истодааст”. (Суханронӣ ба муносибати рӯзи Конститутсия, prezident.tj/node/9643, 05.11.2000); “Имрӯз дар ҳоле, ки давлатҳои абарқудрат саргарми даъвоҳои бузургманишӣ ва салтанатҷӯйӣ ҳастанд, боиси таассуф аст, ки дар як қатор кишварҳо миллионҳо нафар аз гуруснагӣ, бехобӣ ва бемориҳои гуногун азоб мекашанд ва садҳо ҳазор одамон нобуд мешаванд.(Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии соли 2001 ва ҳазораи нав, prezident.tj/node/9634, 01.01.2001); “Ҳарчанд ки аз фурӯпошии давлати абарқудрати шӯравӣ зиёда аз даҳ сол гузаштааст, вале тақсимбандии геополитикии ҷаҳон ба охир нарасида, баръакс марзбандиҳои минтақавӣ ва иқтисодию сиёсӣ вусъати нав гирифта истодаанд”.(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. prezident.tj/node/6694, 22.04.2002); “Яроқҳои гуногуни ҷангӣ, бомбаҳои ядроӣ ва мушакҳои дурпарвозу миёнапарвоз ба василаи зӯроварӣ ва яккатозии давлатҳои абарқудрат табдил ёфтанд. Яъне ҳар кишваре, ки аслиҳаи пешрафтаву беназир дорад, мехоҳад низоми кайҳо шаклгирифтаи ҷаҳон ва харитаи иқтисодию сиёсии сайёраро ба нафъи хеш тағйир диҳад”.(Паёми табрикӣ ба шарафи 57-солагии Иди Ғалаба бар фашизм. prezident.tj/node/6672, 08.05.2002); “Дар шароити густариши равандҳои глобализатсия дар сайёра бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, кӯшишҳои тақсимоти нави минтақаҳои олам ва соҳиб шудан ба захираҳои ашёи хом, сарватҳои табиӣ ва бозори ҷаҳонӣ суръат гирифта истодааст”.(Суханронӣ ба муносибати 5-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. prezident.tj/node/6693, 26.06.2002); “Талошҳои ошкору ниҳони давлатҳои абарқудрат ва нерӯҳои сарватманди молиявӣ барои ба даст овардани манбаъҳои сӯзишворию ашёи хом ва тақсимоти нави бозори ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, дар саросари сайёра талотумҳои шадиди глобалӣ ва бархӯрдҳои оштинопазири геополитикиро ба бор меоранд”.(Суханронӣ ба муносибати даҳумин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. prezident.tj/node/6698, 15.11.2002); “Дар натиҷаи густариши равандҳои глобализатсия ва бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ё гурӯҳи кишварҳо дар миқёси ҷаҳон ва минтақаҳои алоҳида муборизаҳои сиёсӣ аз нав авҷ гирифтанд, кӯшишҳои дигаргунсозии низоми таърихан шакл гирифтаи муносибатҳои байналхалқӣ, тақсимоти ҷадиди бозори ҷаҳонӣ ва ба даст даровардани захираҳои нави ашёи хом, сӯзишворӣ ва пеш аз ҳама нафту газ вусъат ёфтанд”.(Суханронӣ ба муносибати 12-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1000-солагии зодрӯзи Носири Хусрав. prezident.tj/node/6643, 08.09.2003); “Дар охири асри ХХ ва оғози садаи XXI вазъи геополитикии ҷаҳон куллан тағйир ёфт ва дар натиҷаи суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, инчунин авҷ гирифтани талошҳои ошкору ниҳони давлатҳои абарқудрат барои аз нав тақсим кардан ва ба даст овардани манбаъҳои сӯзишворӣ ва ашёи хом дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра мухолифату даргириҳо шиддат пайдо карданд”. (Суханронӣ ба муносибати 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ prezident.tj/node/269, 08.09.2008).

Зимни пешгузории масъалаи мазкур дар муддати аз соли 2000-ум то соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аслан таваҷҷуҳи сохторҳои идоракунию истеҳсолии мамлакатро, пеш аз ҳама, ба зарурати дарк ва ҷустуҷӯи роҳҳои мутобиқ шудан ба вазъияти зудтағйирёбандаи олам равона менамуданд. Дар натиҷаи чунин таъкидҳо, баъд аз соли 2010 батадриҷ мо акнун зимни андешидани як қатор чорабиниҳои мушаххас натиҷаи мусбати мутобиқшавии Тоҷикистонро ба вазъияти куллан тағйирёфтаи муносибатҳои гуногунҷанбаи минтақавию глобалӣ мушоҳида мекунем. Стратегияю барномаҳои муҳимме, ки дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат амалӣ гардиданд, боиси афзун гардидани Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ гардиданд. Бинобар ин, дар суханрониҳои Пешвои миллат аз соли 2010 авлавиятбандии ҳадафҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқ шудан ва пуштибонӣ кардан аз манфиатҳои миллӣ дар шароити шиддати бесобиқаи муборизаҳои геосиёсӣ бештар таъкид мегардад:

“… Чунин ба назар мерасад, ки “сиёсати дугона”, шиддати бесобиқаи муборизаи геосиёсӣ, бахусус барои дастёбӣ ба захираҳои ҳаётиву стратегӣ ва таъмини назорат аз болои минтақаҳои муҳимми геостратегӣ падидаи аз ҳама хатарноки солҳои охир мебошад”. (Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон prezident.tj/node/8136, 23.01.2015); “Дар ин раванд, мо бояд масъалаи ҷойгиршавӣ ё худ мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро, ки бо давлати Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, инчунин ҷараёни аз нав тақсим кардани ҷаҳонро, ки беш аз ду даҳсола инҷониб идома ёфта истодааст, ҳамеша дар маркази диққат қарор диҳем”. (Суханронӣ ба ифтихори таҷлили 22- юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон http://prezident.tj/node/8284, 22.02.2015);  “Паёми имсола дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра… пешниҳод мегардад”. (Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, http://prezident.tj/node/10585, 20.01.2016); “Аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли гузашта маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷиҳати аз нав тақсим кардани ҷаҳон… вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст”. (Суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил, http://prezident.tj/node/12908, 01.09.2016); “Дар охири асри бист ва оғози асри бистуяк сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили шиддат гирифтани раванди аз нав тақсим кардани дунё барои ба даст даровардани захираҳои табиӣ аз ҷониби абарқудратҳо ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардид”. (Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, http://prezident.tj/node/16031, 30.08.2017); “Дар шароити торафт печидаву мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, аз ҷумла шиддат гирифтани муборизаҳои геосиёсӣ миёни давлатҳои абарқудрат… таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот барои тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла барои Тоҷикистони мо ба масъалаи аввалиндараҷаву ҳаётӣ табдил ёфтааст. Солҳои охир мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе доираҳои манфиатҷӯй бо роҳи таъсиррасонии иттилоотӣ… вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии баъзе кишварҳоро бисёр хатарнок гардонида, ҳатто баъзе давлатҳоро аз байн бурда истодаанд”. (Суханронӣ ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ,  prezident.tj/node/16605, 19.11.2017); “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад”. (Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, http://prezident.tj/node/17613, 12.05.2018); “Мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки дар шароити ҳассоси муносибатҳои геосиёсӣ, авҷ гирифтани бархӯрдҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гузоштани заминаҳои мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифат, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ ниҳоят муҳим мебошад”. (Суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ», prezident.tj/node/18701, 15.10.2018).

Дар қазоватҳои Пешвои миллат оид ба масъалаи афзоиши талошҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон оғоз аз соли 2020 ҳушдор аз паёмадҳои ногувори ин раванд ва таъсири он ба амнияту ҳастии ҳаёти башарӣ, ҳамзамон афзоиши қурбониҳо, шикасти робитаҳои муътадили хоҷагидории кишварҳо дар нуқтаҳои гуногуни олам, зарурати вусъати фаъолияти ниҳодҳои байнимилалӣ барои рафъи ин хатарҳо бештар таъкид мегардад. Зеро баъзе аз кишварҳо аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки назми ҷаҳонии пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тарҳрезишуда аз бисёр ҷиҳат шикастааст ва бояд низоми нави муносиб ҷойгузини он гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо ин масъала ҳамеша бар ин назар аст, ки бояд фаъолияти ниҳодҳои мавҷудаи низоми байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) тақвият дода шаванд ва созмонҳои минтақавӣ низ дар паҳлуи ин ниҳодҳо барои таҳкими назми ҳаёти башарӣ қарор гиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин рӯ ҷонибдории худро аз низоми ташаккулёбандаи чандҷанбавии (мултилатерализм) ҳамкории кишварҳо пайваста баён дошта, дар тавофуқ бо кишварҳои минтақа ва олам аз он пайгирӣ менамояд.

Зимни таҳлилу мушоҳидаҳо аз ҷараёни ин чолишҳо равшан ба назар мерасад, ки баъзе аз давлатҳо баръакс, дар талоши ҷойгузин кардани диду мавқеашон бидуни эҳтироми мавқеи дигар кишварҳо ба ҷойи тасмиму қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ мебошанд.    Яъне имрӯз як рақобати хатарноки ҳастисоз миёни кишварҳо ва низомҳои сиёсӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин рақобат гурӯҳбандии ғаразноки кишварҳои олам сурат гирифтааст, ки онро муносиб ба манфиатҳои худашон ба таври ғаразнок маҳсули бархӯрди шадиди низомҳои демократӣ ва авторитарӣ мешуморанд. Кишварҳоеро, ки дар миёни бархӯрди ин ду низом мондаанд, баъзан дар мавриди баҳс онҳоро давлатҳои бимавӣ (hedging states, contested states) меноманд. Вале воқеият нишон дода истодааст, ки чунин баҳогузорӣ ба мавқеи кишварҳои рушдёбанда он қадар саҳеҳ ва муносиб нест. Имрӯзҳо нақши кишварҳои рушдёбанда дар таъмини пешрафти иқтисоди ҷаҳонӣ афзуда, бештари онҳо дар идоракунии равандҳои ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд: “Ҳоло бар асари мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, ки аз талошу кӯшишҳои аз нав тақсим кардани ҷаҳон сарчашма мегиранд, вазъи сайёра ба андозаи бесобиқа мураккаб гардидааст”. (Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр prezident.tj/node/28288, 01.05.2022); “Дар замоне, ки раванди аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва захираҳои табиии сайёра, яроқнокшавии бошитоб ва марҳалаи дубораи «ҷанги сард» торафт шиддат мегирад, мо вазифадорем, ки барои ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем”. (Суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, prezident.tj/node/29047, 01.09.2022); “Бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи сангинтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯ ба рӯ кардаанд”. (Суханронӣ дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, prezident.tj/node/29745, 30.11.2022); “Тайи даҳсолаҳои охир, яъне охири асри 20 ва оғози садсолаи 21-ум вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардид”.(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш http://prezident.tj/node/31416, 01.09.2023).

Иқтибосҳои овардашуда гувоҳи онанд, ки бо таъкиди масъалаи авҷ гирифтани талошҳо барои азнавтақсимкунии ҷаҳон миёни абарқудратҳо Пешвои миллат ба осебпазир шудани вазъи суботу амният дар кишварҳои олам, бахусус кишварҳои ру ба инкишоф ишора мекунанд. Ба андешаи Пешвои миллат, зимни рақобатҳои шаддиди бартариятҷуӣ дар азнавтақсимкунии ҷаҳон зуҳури паёмадҳои ногуворро барои кулли ҷомеаи инсонӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Мушкилоти ҳалл ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, хатари паҳншавии ҳаракатҳои ифротгароию даҳшатафканӣ, авҷгирии норасоии озуқаворӣ, паҳншавии бемориҳои сироятии нав ва ғайра аз ҷумлаи онҳоанд. Ҳар кадоме аз ин мушкилот дар тавзеҳоти паёмадҳои ногувори талошҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон аз ҷониби Пешвои миллат зимни суханрониҳояшон равшан оварда шуда, вазифаҳои аҳли ҷомеаи тоҷикистонӣ барои паст кардани шиддати таъсири онҳо дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон хотирнишон шудааст. Барои мисол дар ин ҷо овардани якчанд иқтибосро вобаста ба баъзе аз ин мавзуъҳо лозим мешуморем: “Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти хосса зоҳир намоем”[4]. “Чунин вазъи нобасомон боиси буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ гардида, зиндагии сокинони бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахту сангин гардонида истодааст. Бар замми ин, мушкилоти глобалӣ – тағйирёбии иқлими сайёра ва оқибатҳои он – камобӣ, хушксолӣ ва офатҳои табиӣ, инчунин, идома пайдо кардани пандемияи КОВИД – 19 боиси камчинии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи ҳама гуна молу маҳсулот ва хизматрасониҳо гардидааст. Дар чунин шароит мо бояд шукронаи истиқлолу озодии Ватанамонро ба ҷо оварем, ба қадри неъмати бузурги бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастовардаамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем”[2].

Дарки муҳтавои таҳлилҳои Пешвои миллат аз равандҳои муосири глобалӣ ва минтақавӣ моро ба чунин хулоса меорад, ки зуҳури ҳодисаҳои олами сиёсию иҷтимоии замони муосир чун соири падидаҳо бидуни робитаҳои устувори сабабиву натиҷавӣ сурат намегиранд, баръакс онҳо имрӯз аз гузашта дида хеле печидатару мураккабтар гардидаанд. Таҳаввули онҳо аз як ҳолат ба ҳолати дигар на аз рӯи майлу иродаи афроди соҳиби мақомҳои таъсиррасони сатҳи расмӣ ба рафтори одамон, балки бар асари зуҳури сабабҳои айнии муайян ба вуқуъ меоянд. Аз ин рӯ барои дарку кӯшиши идораи самараноку мақсадноки ин падидаҳо зарурати фурӯ рафтан ба умқи робитаю  сабабҳои моҳиятии ҳодисаҳо дар ҳаёти ҳар як ҷомеа муҳим аст.

Бо дарназардошти ин ҷустуҷӯю татбиқи посухҳои муносиб ба талошҳои ҳассосу ҳавлангези ҷаҳони имрӯз, хусусан дар даҳсолаи охир гувоҳи роҳандозии фаъолияти муътадили ниҳодҳои давлатӣ аст, ки маҳсули сиёсати ҳадафмандонаи Президенти кишварамон мебошад. Дар ин радиф иқдомҳои барои ҳифзи истиқлолияти кишвар аз таҳдидҳои мухталиф, эҷоди камарбанди дастаҷамъонаи амниятӣ дар тӯли хатти сарҳади давлатӣ бо Афѓонистон, шарикӣ дар эҳёи Роҳи абрешим, эҷоди хатти иртибототии мустақим бо кишварҳои дунё, ҳимоят аз рукнҳои дунявии давлатдории миллӣ дар муносибатҳои сатҳҳои мухталиф ва ѓайра пеши назари ҳар як фарди соҳибватан симои барҷастаи як давлатмарди асилу ҷасоратмандро ҷилвагар месозад, ки шоёни мақоми Пешвои миллат аст. Гуфтан ҷоиз аст, ки чунин сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатамон на танҳо дар дохил, балки аз ҷониби соири давлатхои дунё ва созмону ташкилотҳои байналхалқӣ низ ба хотири ҷанбаи васеи созандагӣ доштанаш мусбат ва қобили омӯзиш арзёбӣ карда мешавад. Мисоли исботи ин қазоват баҳодиҳии таҷрибаи бойи сиёсии Пешвои миллат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Чин ҳини баргузории саммити “Осиёи Марказӣ — Чин” мебошад: “Шумо Ҷаноби Президент миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба Шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад.”[1]

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоии дар олами муосир ба амалоянда тули даҳсолаҳои охир на танҳо чеҳраи ҷомеаҳои миллӣ, балки диду арзишҳои одамон ва шеваи бархурди онҳоро бо воқеияти ҳаёти ҷомеаҳои худ ва умуман ҷомеаи башарӣ ба куллӣ таѓйир доданд. Ҷомеаҳои алоҳида барои таъмини муътадил ҷараён гирифтани ин равандҳо кӯшиш менамоянд, мунтазам бо пайравӣ аз сиёсати мутавозин барномаҳои иқтисодию иҷтимоиро тарҳрезӣ кунанд ва арзишҳою меъёрҳои зиндагии одамонро дар қолаби ин тарҳҳо пешбинӣ намоянд. Вале мутаассифона на ҳама вақт чунин иқдомҳо ба комёбӣ меанҷоманд, зеро тамоюлоти талаботу ангезаҳои рушди маънавии онро аҳёнан зимни барномарезиҳо канор мегузоранд. Бинобар ҳамин ҳам,  масъалаи зарурати ба ҳам наздик сохтани иқдомот оид ба бунёди ниҳодҳои навини иҷтимоии муносиб бо диду арзишҳои бунёдии аъзоёни ҳар як ҷомеа имрӯзҳо ҳарчи бештар ба миён гузошта мешавад ва дар татбиқи ин иқдом яке аз шартҳои муҳимми таъмини суботи ҷамъиятию кафолати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дида мешавад. Аз ин рӯ, тарҳҳои ҷомеасозие, ки пештар ба хотири расидан ба сатҳи рушди ҷомеаҳои пешрафта рӯи қолабҳои «демократикунонии ғарбӣ», «имрӯзикунонии саноатӣ» ва ѓайра дар ҷомеаҳои хуб тавсеанаёфта роҳандозӣ мешуд, айни замон камтар қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Ангезаҳои модернкунонӣ ва демократикунонӣ бо худ дар тарҳҳои ҷомеасозии бештари ҷомеаҳо иловатан тамғаҳои мушаххаскунандаи миллиро (демократияи суверенӣ, модернкунонии суверенӣ) касб мекунанд, ки далолат ба вижагиҳои раванди инкишофи онҳоро доранд. Яъне зуҳури печидагиҳои муаммобарангез дар ҷомеаҳои пешрафта майли тақлидсозию сирф ба ворисият гирифтани  таҷрибаи роҳи паймудаи онҳоро барои ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф камтар сохтааст. Ин воқеиятест, ки нодида гирифтани он номумкин аст ва он бо омилҳои гуногун иртиботи бевосита дорад.

Дар робита бо қазовати ёдоваришуда қобили таъкид аст, ки низомҳои сиёсии кишварҳои бо ҳамдигар рақобатдошта дар талоши тақсими нави ҷаҳони муосир кӯшишҳои муайянро барои дар ҳолати изтиробу бесуботӣ нигоҳ доштани кишварҳои рӯ ба инкишоф дар канор намегузоранд. Аҳёнан бо сӯиистифода аз изтиробу амниятталошии онҳо нерӯҳоеро тавассути мудохилаю фишорҳо ва ташкили “инқилобҳои ранга” ба арсаи сиёсат меоранд, то ки вазъияти мавҷударо боз ҳам вахимтару носолимтар гардонанд. Ин ҳолатро, мо моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон шоҳид гаштем ва имрӯз дар як қатор ҷомеаҳои муосир низ зуҳури чунин падида ба мушоҳида мерасад. Масалан, ҳатто дар ҷомеаҳои пешрафта мебинем, ки нерӯҳои муайян бо шиорҳои қавмситезию усулгароёна байни қишрҳои алоҳидаи аҳолӣ маҳбубият касб намуда, имконияти ба сари қудрат омадани худро ҳарчӣ бештар месозанд. Онҳо одамонро ба он бовар кунониданӣ мешаванд, ки танҳо онҳо қудрати аз балоҳои ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои глобалӣ озод кардани мардуми оддиро доранд, на низомҳои мавҷуда.

Чуноне ки Пешвои миллат зимни суханрониашон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз 9 марти соли 2024 изҳор доштанд, тамоюли зикршуда имрӯзҳо ҳарчи бештар зеҳни ҷавононро ба худ ҷалб намуда истодааст, ки ин дар воқеъ бо дарназардошти ҷалбу ҳузури онҳо дар корзорҳои гурӯҳҳои тундрав мояи ташвишу нигарониҳост: “Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд. Аз ҳамин хотир фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд.”[5]. Омили тавсеаёбии ин вазъият аз бисёр ҷиҳат марбут ба мушкилоте аст, ки ҷомеаҳои муосир бо онҳо мувоҷеҳанд ва қариб дар ҳама ҷо бо ҳам якнавохт мебошанд. Дар радифи ин мушкилот метавон аз вусъати нобаробариҳои иҷтимоӣ, нобаробарии даромадҳо, коҳиши эътимоди одамон ба якдигар, зиддият ба ҷаҳонишавӣ ва низоми мардумсолорӣ, раванди боз ҳам бойшавии табақаи доро ва муфлисшавии камбизоатҳо, сустии суръати рушди иқтисодии аксар кишварҳо, эҳсоси дингаройии ифротӣ ва ѓайра ном бурд, ки онҳо ба тадриҷ дар ҷаҳони муосир хусусияти системавӣ касб карда истодаанд.

Намунаи дигари ба фазои рақобатҳои геополитикӣ кашидани кишварҳои сеюм бо истифода аз таҳрикдиҳии ангезаҳои эътиқодӣ, ваъдаҳои молиявӣ барои анҷоми амалҳои тарҳрезишудаи хадамотҳои истихборотӣ, роҳандозии тавтеаҳои гуногун мебошанд, ки дар маърази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифтаанд. Арзёбии ин масъалаҳо маҳсули мушоҳидаҳои бевосита аз равандҳои мураккаби солҳои истиқлолиятёбии кишварамон, ба монанди ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашидани он аз ҷониби қувваҳои манфиатдори берунӣ, ҷустуҷую татбиқи талошҳо баҳри ҳифзи истиқлолияту барқарории сулҳу субот, бартарафсозии муқовиматҳои шадид дар роҳи таъмини рушди минбаъдаи ҳаёти ҷомеа, аксуламалҳои рӯиросту пасипардагии рақибони дохилию берунӣ нисбати пуштибонии роҳбарияти олии мамлакат аз манфиатҳои миллиямон дар фазои навии геополитикии муосир мебошанд. Пешвои миллат зимни ҳар як вохӯрию суханрониҳои хеш бо овардани мисолҳои зинда аз ин равандҳо пайваста дар зеҳну замири ҳамватанонамон бедор намудани ҳисси ватандӯстию зиракиро барои фирефтаи дасисаҳои бо дасти бадхоҳони миллат моҳирона танидашуда нашудан таъкид менамоянд. Зеро ин бо дасти худ теша задан ба решаҳои дарахти саодатбори истиқлолияти давлатӣ, паст кардани шаъну эътибори миллӣ, воридсозии руҳияи носолим дар ҷомеа, табдил ёфтан ба бозичаи дасти бозингарони минтақавӣ ва глобалӣ аст. Авҷи талошҳои ба ҳастии давлатҳои мустақил таҳдидкунанда, махсусан дар марҳилаи имрӯзаи рақобатҳои геосиёсӣ барои азнавтақсимкунии ҷаҳон хеле шадиду бераҳмона бо истифода аз неруҳои  ҳарбию  истихборотӣ, мағзшӯию ба вартаи амалҳои террористӣ ҷалб кардани маргталабон, шикасти иқтидори рушди кишварҳо тавассути ҷорисозии таҳримҳо, маҳрумсозии онҳо аз маорифу фанновариҳои пешрафта, татбиқи фишорҳо барои истифодаи бемамониати захираҳои табиияшон ва ғайра, равшан мушоҳида мешавад.

Лозим ба таъкид аст, ки печидагии ин равандҳо дарки саривақтии онҳоро мушкил мегардонад ва масъулияти ҷомеаҳоро барои дарёфти роҳи ҳаллашон бештар месозад. Ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар қиболи чунин чолишҳо ҳамеша идораи таѓйиротҳои иҷтимоиро муҳим мешуморад ва барои таъмини талаботҳои аъзои ҷомеа захираҳои муассирро самаранок истифода мебарад. Ҷомеа низ ҳимоят аз арзишҳои муштаракро барои таъмини ҳузури ҳарчи бештари амалҳои созанда дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ муҳим мешуморад ва аз онҳо ҷонибдорӣ менамояд.

Дар диди Пешвои миллат ба равандҳои муосир воқеъбинии стратегии анбошта бо дарки муносиби шароитҳои таъмини мавҷудияти давлати миллиамон равшан ба назар мерасад. Аз ин рӯ дар таҳлилҳояшон, пеш аз ҳама, ба масъалаи зарурати нигоҳдории устувори пояҳои соҳибихтиёрии давлат аз нигоҳи на танҳо сиёсӣ, балки иқтисодию маънавӣ низ бештар таваҷҷуҳ карда мешавад. Зеро шиддати рақобати имрӯзаи давлатҳо бори дигар исботи ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки дар ҳудуди ҷуғрофии ҷойгирифтааш ҳар як давлат дар баробари аломатҳои дигари соҳибихтиёрӣ, инчунин бояд дорои имкониятҳои таъмини таносуби муайяни ниёзҳои иқтисодӣ ва маънавии одамон бошад. Агар ҳамаи ин гуна ниёзҳоро он аз маҷмуи воридоту таъсироти муҳити беруна вобаста созад, пас ҳама гуна низоми сиёсӣ мустақилияти худро аз даст медиҳад.

Аз чунин зовияи таҳлилӣ ворид шудан ба муҳтавои таъкидҳои Пешвои миллат дар бораи зарурати ташкили занҷираҳои истеҳсоли маҳсулоти миллӣ, аз ҷумла истеҳсоли маводи озуқаворӣ заминаро барои дарки диди воқеъбинонаи стратегии  Пешвои миллат фароҳам меорад: “Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқуъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид. Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд. Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд”[3].

Бо вуҷуди ин Пешвои миллат афзалиятёбии воридотро нисбат ба содирот ҳамчун ҳолати ташвишовар ва оҷилан ҳалталаб маънидод мекунанд, ки бо назардошти таъсири ногувори он ба мустақилияти давлатӣ дар шароити муосир қобили таваҷҷуҳ аст. Яъне Пешвои миллат аз соли 2000-ум инҷониб таъкид менамоянд, ки талоши азнавтақсимкунии олам аз лиҳози таърихӣ раванди тӯлонимуддат аст ва гузариш ба низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ хеле пурзиддияту пурпечутоб ҷараён хоҳад гирифт. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз ба ҷалби фанноварию тавсеаи истеҳсолӣ, рушди сармояи инсонӣ, иқтисодию молӣ ва ғайра дорад, ки онҳоро бояд аз бисёр ҷиҳат мустақилонаю фаврӣ ҳал намояд. Зеро дар аксари ҳолат, мо шоҳиди авҷи ҷилавгирии давлатҳо аз ҳаракати молу хизматрасониҳо на танҳо ба бозорҳои худ, балки аз дигар кишварҳо ба бозорҳояшон ва бозорҳои дигар мамлакатҳо мебошем. Ниҳоду созмонҳое, ки тибқи оинномаашон масъули пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо мебошанд, низ таъсири худро аз даст додаанд. Пешбинӣ мешавад, ки зарфи боз якчанд соли дигар талошҳои кашидани чунин пардаҳои оҳанини протексионистӣ аз ҷониби кишварҳо бо дарназардошти  камчинии захираҳои рушди иқтисодии мамлакатҳо, мусаллаҳшавии бошитоб, идомаю сар задани  даргириҳои нави низомӣ, тағйирёбии иқлим ва ғайра меафзояд. Хуштбахтона, кишвари мо бо мушоҳидаю дарки воқеии равандҳои ҷаҳони муосир дарёфтааст, ки чӣ тавр амалҳои марбут ба ҷомеасозии худро дар ин фазои пурталотум мақсаднок ба роҳ монад, ғафлатгири таъсири номатлуби ҳаводиси ғайричашмдошту моҳирона тарҳрезишудаи ба ноамсозии кишварамон равонашуда нагардад, имкониятҳои дар равандҳои муосир ҷойдоштаро саривақт ба афзалиятҳои рушди  худ табдил диҳад.

Хайридин УСМОНЗОДА,
доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ

Фаттоҳзода САИДМУРОД,
доктори илмҳои фалсафа, профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

 

[1]. Иштирок дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ”, 19.05.2023. [манбаи электронӣ] Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон — https://mfa.tj/tg/main/view/12683/ishtirok-dar-sammiti-yakumi-saroni-kishvarhoi-chin-osijoi-markazi;

[2]. Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр, 01.05.2022. [манбаи электронӣ] Сомонаи расмии Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — prezident.tj/node/28288;

[3]. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23.12.2022. [манбаи электронӣ] Сомонаи расмии Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон president.tj/node/27417;

[4]. Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, 30.08.2017. [манбаи электронӣ] Сомонаи расмии Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — http://prezident.tj/node/16031;

[5]. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, 03.09.2024. [манбаи электронӣ] Сомонаи расмии АМИТ “Ховар” — https://khovar.tj/2024/03/onii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-faolon-namoyandagoni-omea-va-hodimoni-dini-mamlakat/;

[6]. John J. Mearsheimer and Sebastian Rosato. How States Think. Rationality of Foreign Policy. – Yale University Press, 2023

Апрель 15, 2024 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон