«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин ва Рӯзи байналмилалии забони хитоӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо итсинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки мақсади фаъолияти Маркази таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия аз ҳамоҳангсозии иқтидори илмӣ, таълимӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ, аз ҷумла тақвият бахшидани робитаи байни давлатҳои хориҷи дуру наздик, муассисаҳои таълимии олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат, ҳамкории судманд бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналхалқии байнидавлатӣ ва ғайридавлатӣ, марказҳои илмиву фарҳангии давлатҳои хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли тиҷорат баҳри муайянсозии муаммоҳо ва дастовардҳои илмӣ дар самти иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ бо роҳи мондани таҳқиқоти дахлдор ва татбиқи он дар раванди таълим ва амалия иборат мебошад.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳуpии Мapдумии Чин якe aз aввaлинҳo шудa, иcтиқлoли Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoнpo бa pacмият шинoхт. Тoҷикиcтoн Чинpo якe aз шapикoни бoэътимoд вa кaлидӣ дap минтaқaи Ocиёи Мapкaзӣ мeдoнaд вa тaҳкими ҳaмкopии мутaқoбилaн cудмaнд, мунocибaтҳoи дӯcтoнa вa ҳaмcoягии нeк бo Ҷумҳуpии Мapдумии Чин aз aфзaлияти acocии cиёcaти хopиҷии Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoн мeбoшaд.
Директори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Жен Гентян доир ба шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин иброз намуд, ки дар асоси шартномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни давлатҳо дар соҳаи маориф ҳамасола шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик ба таври ройгон дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва доктарантура ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Аз ҷумла, дар соли хониши 2023-2024 9 донишҷӯи донишгоҳ барои таҳсил тариқи табодул ба Чин равон шуданд, ки ин иқдом минбаъд низ давом меёбад.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






