ҶУДО. Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад

Апрель 14, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар соли 2024 аз 19 то 24 май дар Абузабӣ (Амороти Муттаҳидаи Арабӣ) баргузор мешавад.

Амороти Муттаҳидаи Арабӣ солҳои зиёд шарики муҳими Федератсияи байналмилалии ҷудо буда, аз соли 2009 аввалин Гран-прии Абузабиро баргузор намуд,  ки баъдан ба Гранд-слам табдил ёфт. Моҳи октябри соли 2023 Абузабӣ мизбони Чемпионати ҷаҳон байни собиқадорон буд.

Чемпионати ҷаҳон мусобиқаи асосӣ барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Париж мебошад. Варзишгарони беҳтарин аз саросари ҷаҳон барои пирӯзӣ ва мустаҳкам намудани мавқеяшон дар Бозиҳои олимпӣ дар он иштирок менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 14, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд