Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донгсуро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донгсуро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Ҳар ду ҷониб аз ҳолати феълии робитаҳои Тоҷикистону Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зимни мулоқот рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима гардид.
Таъкид шуд, ки бунёди корхонаҳои истеҳсоли зарфҳо ва пластинаҳои офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, ки имрӯз барои сохтмони онҳо санги асос гузошта шуд, оғозбахши марҳалаи нави рушди ҳамкорӣ хоҳад гардид.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ инчунин масоили мубрами минтақавию ҷаҳониро баррасӣ намуданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






