ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ. Он ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона шудааст

Май 17, 2024 11:41

ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, даъвати шашум, ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид, дар қатори дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» баъд аз муҳокимаи вакилон ба овоз монда шуда, қонун дар таҳрири нав қабул гардид. Вобаста ба ин шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳод карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти соли 2024 баргузор шуд, пешниҳод намуданд, ки бо назардошти таҷрибаи андӯхта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад. Ҳадаф аз қабули қонун дар таҳрири нав татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон мебошад.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зимни баррасии масъала изҳор дошт, ки аз матни қонун дар таҳрири нав мафҳуми «маросимҳо» ба «маросим», ки худ шакли ҷамъ аст, иваз шуда, мафҳуми «анъана» хориҷ карда шуд, зеро дар матн муқаррароти марбут ба он пешбинӣ нашудааст. Моддаҳои нав доир ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот илова карда шуданд. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар моддаҳои алоҳида мушаххас шуда, масъалаи ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ дар асоси муроҷиатҳои электронии шахсони воқеӣ пешбинӣ карда шуд. Дар моддаи 9 меъёрҳои марбут ба ҷашн­ҳои расмӣ такмил дода шуда, бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон, роҳ надодан ба исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд.

Дар моддаи 11 муҳлати ба таври ройгон гузаронидани хатна дар муассисаҳои тиббии дахлдор аз бист рӯзи амалкунанда ба як моҳ баъд аз таваллуди писар тамдид карда, меъёрҳои марбут ба хатнасури хайриявӣ хориҷ карда шуданд, зеро хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак хусусияти оилавӣ касб намудаанд.

Дар моддаи 12 дар илова ба муқаррароти мавҷуда оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, гузаронидани на зиёда аз ду маърака дар тӯйҳо пешбинӣ гардида, ташкили маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд манъ карда шуданд. Ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй ба шаҳрвандон имкон дода мешавад, ки маблағҳоро ба корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хати об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ сарф кунанд.

Тибқи таҳрири нав акнун ҳангоми гусели арӯсу домод истифодаи на бештар аз 4 мошини сабукрав муқаррар шудааст. Қаблан ҳангоми гусели арӯсу домод ин меъёр риоя карда намешуд.

Тибқи моддаи 13 қонун дар таҳрири нав гузарондани маъракаи гуселу пешвози ҳоҷиён ва умракунандагон дар доираи оила пешбинӣ гардида, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шуд. Ба ҳоҷиён ва умракунандагон имкон дода мешавад, ки ба ҷойи маъракаҳои манъшуда корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хати об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.

Дар моддаи 18-и қонун дар таҳрири нав меъёрҳои марбут ба уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани ҷашну маросим такмил дода шуда, масъулияти сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи қонун дар ҳудуди деҳаю маҳали истиқомат ва ё фаъолият пешбинӣ карда шуд.

Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид.

Тибқи қонун дар таҳрири нав ба мақоми ваколатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот имкон фароҳам оварда шуд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро барои гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи ин қонун, аз ҷумла пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, ақди никоҳи бармаҳалу ғайрирасмӣ ва қонунвайронкуниҳои дигар дар ин самт ҷалб намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2007 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Бори аввал дар таҷрибаи ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол лоиҳаи қонуни мазкур ба муҳокимаи умумихалқӣ бароварда шуд. Муҳокимаи умумихалқӣ  беш аз ду моҳ идома ёфт ва зиёда аз 20 ҳазор таклифи шаҳрвандон доир ба такмили матни он манзур гардид.

Тавре узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Парвиз Шодизода изҳор кард: «Ин қонун анъанаҳои аҷдодӣ ва меъёрҳои таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷикро барои баргузории ҷашну маросими мардумӣ инъикос намуда, онҳоро дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳо ба танзим медарорад».

Зимнан, соли 2007 вақте ин қонун қабул гардид, тӯю маъракаҳо, маросими дафну азодорӣ ба бори гарони зиндагӣ табдил ёфта буданд. Бинобар ҳамин мақсади қабули қонун танзими дурусту зарурии ҷашну маросими мардумӣ маънидод ва баҳри пешгирӣ намудан аз  тақлидкорӣ, рақобати бемантиқ, пурхарҷ гардидани маъракаҳо равона шуда буд.

Ногуфта намонад, ки қонун бинобар рабт доштан ба масъалаи соф миллӣ шартан номи «қонуни миллӣ» ба худ гирифт. Баъдан қонуни миллии Тоҷикистон мавриди омӯзиши соири кишварҳои минтақа қарор гирифт. Зиёда аз ин дар баъзе кишварҳо дар пайравӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.

Воқеан ҳам қонун дар таҳрири нав ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Тавре вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода таъкид кард, таҳияи қонун дар таҳрири нав идомаи сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат баҳри  дарёфти асолати фарҳангии ҷашну маросим дар зиндагии сокинон, пешгирӣ намудани рафторҳои хурофотӣ, исрофкорӣ ва тақлидҳои бебунёд мебошад. Санади меъёрии ҳуқуқи мазкур ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона гардидааст.

Қабули қонун дар таҳрири нав барои даст кашидан аз урфу одатҳои бебунёд, расму оинҳои шахшуда ва шигифтангез, бахусус дар бахши тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими ҳаҷҷу умра мусоидат мекунад. Он рафтори хурофотӣ ва бегонапарастиро коҳиш медиҳад ва дар доираи ақлу идрок тасарруф намудани маблағҳои аз пайи меҳнат ва касби ҳалол ҷамъшудаи шаҳрвандонро ба манфиати оилаю фарзандон талқин менамояд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»  

Май 17, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад
САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад