Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 май бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории илмӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академия Қобилҷон Хушвахтзода Президенти шуъбаи синзянии Академияи илмҳои Чин Чен Си ва Президенти Ассотсиатсияи синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчиангро ба ҳузур пазируфт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин академия.
Дар мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба меҳмонон оид ба фаъолияти пурсамари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии мардумии Чин маълумот дода, афзуд, ки санадҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмии ҳарду ҷониб ҳанӯз соли 2014 ба имзо расидаанд.
Дар асоси созишномаи имзогардида соли 2016 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт, ки ин аввалин муассисаи муштараки барҷастаи Чин ва Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон оид ба ҳамкории тарафайн ва равнақ додани робитаҳои илмии ҳарду давлат дар арсаи байналмилалӣ изҳори назар карда шуд.
Президенти шуъбаи синзянии Академияи илмҳои Чин Чен Си оид ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар оянда беҳтар ва дар низоми сифатан нав амалӣ намудани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи илм ибрози андеша намуд.
Иброз гардид, ки бояд дар якҷоягӣ ва тибқи низомномаи ҳамкорӣ барои омода намудани олимони ҷавон дар бахшҳои гуногуни илмӣ тадбирҳо андешида шаванд.
Ҳамзамон меҳмонон таклиф намуданд, ки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода моҳи июни имсол дар намоиши Экспо Евразия 2024 (EXPO EURASIA) дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок кунад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






