Бо намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба сайёҳии кишоварзӣ мулоқот доир шуд

Май 7, 2024 10:51

ДУШАНБЕ, 07.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо менеҷери намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид UNDP дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Филип Шабо мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Аз ҷониби роҳбарияти Кумита оид ба зарфияти сайёҳии мамлакат, аз ҷумла, сайёҳии кишоварзӣ, ки дар ин соҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконияти фарох мебошад,  маълумот дода шуд.

Зимни суҳбат бо инобати боду ҳаво, иқлим ва аз ҷиҳати экологӣ тоза будани меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар мавриди таъсиси  корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дар ин самт рушдкарда дар доираи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид UNDP, ки ба рушди сайёҳии кишоварзӣ дар мамлакат замина мегузорад, ибрози назар карда шуд.

Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид UNDP баҳри тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кишоварзӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2024 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Чилдухтарон форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад