Бо намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба сайёҳии кишоварзӣ мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо менеҷери намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид UNDP дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Филип Шабо мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Аз ҷониби роҳбарияти Кумита оид ба зарфияти сайёҳии мамлакат, аз ҷумла, сайёҳии кишоварзӣ, ки дар ин соҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконияти фарох мебошад, маълумот дода шуд.
Зимни суҳбат бо инобати боду ҳаво, иқлим ва аз ҷиҳати экологӣ тоза будани меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар мавриди таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дар ин самт рушдкарда дар доираи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид UNDP, ки ба рушди сайёҳии кишоварзӣ дар мамлакат замина мегузорад, ибрози назар карда шуд.
Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид UNDP баҳри тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кишоварзӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






