Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд

Май 24, 2024 09:03

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои аъзо нахустин бор Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд, ки он бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ NoA/RES/78/281 қабул гардида буд. Ин чорабинии таърихӣ бо ибтикори ҳаммуалифони асосии қатънома — намояндагиҳои доимии Тоҷикистон- Баҳрайн ва Ливия ташкил карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ҳозиринро бо нахустин ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуда, аҳаммият ва нақши ин намуди варзишро дар саросари ҷаҳон таъкид кард. Гуфта шуд, ки футбол на танҳо варзиш аст, балки неруи тавоно барои некӣ мебошад. Он ба тавсеаи ҳамкории дастҷамъона, эҳтироми якдигар ва ҳамчун неруи тавоно дар тақвияти равобити тамоми қишри ҷомеа нақши муҳим мебозад. Футбол ҳамчун омили муҳим берун аз майдон, ба рушди иқтисодӣ, тандурустӣ ва некӯаҳволии мардум мусоидат карда, ҳамчун воситаи дипломатия ва табодули фарҳангӣ хизмат менамояд.

Ҷонибек Ҳикмат аз кишварҳои аъзои  Созмони Милали Муттаҳид барои истифодаи қудрати футбол барои муттаҳидшавӣ, ҳавасмангардонии дубора, аҳаммияти сармоягузорӣ ба зарфият ва инфрасохтори ин намуди варзиш, мусоидат барои таъмини дастрасии васеъ, дастгирии мураббиёни соҳа, бахусус омода кардани ситораҳои оянда даъват ба амал овард.


Бояд таъкид намуд, ки дар чорабинии мазкур намояндагони доимии Малта, Марокаш, Қатар, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Муғулистон, Тунис, Франсия, Италия, Маҷористон, Покистон, Малайзия, Аргентина, Баҳрайн ва инчунин Президенти Маҷмаи Умумии СММ Деннис Френсис, Роҳбари Дастгоҳи Дабири кулли СММ Кортеней Рэттарри, ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Навид Ҳаниф ва хонум Ҷанет Ривера, аъзои собиқи Федератсияи футболи Ҷумҳурии Доминикан суханронӣ намуда, саҳми ҳаммуалифони қатъномаи мазкурро, ки он барои рушди варзиш дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард, баланд арзёбӣ намуданд.

Илова бар ин навори видеоии (табрикотии) Президенти ФИФА Ҷованни Инфантино ва ситораҳои футболи ҷаҳонӣ Марко Тардели, Ҷанлуиҷи Буффон ва Лаура Стефани Ҷорҷ (котиби генералии Федератсияи футболи Франсия, собиқ футболбози тими занонаи Франсия) дар нишасти мазкур пахш гардид.

Ҷованни Инфантино барои пешниҳод ва татбиқи ин қатънома ба Тоҷикистон, Либия, Баҳрайн ва дигар ҳаммуаллифон изҳори миннатдорӣ намуда, нақши боризи онро дар рушди минбаъдаи футбол иброз намуд. Илова бар ин ӯ пешниҳод намуд, ки соли оянда дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии футбол Ҳафтаи футбол ташкил карда шавад.

Марко Тардели, Ҷанлуиҷи Буффон ва Лаура Стефани Ҷорҷ низ саҳму талошҳои ҳаммуаллифонро дар ин масир баланд арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинии расмӣ ташкилкунандагон пешниҳод намуданд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид Гурӯҳи дӯстони футбол таъсис дода шавад. Ҳозирин ин таклифро бо хушнудӣ пазируфтанд. Мақсади таъсис додани платформа таъмини абзори марбута барои баррасии масъалаҳои ташвиқу тарғиби ин намуди варзиш ҳамчун омили муттаҳидкунанда, нақши он дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, таҳкими ҳамкории шарикӣ, дар ин замина ташкили чорабиниҳои мухталиф дар ин соҳаҳо ба шумор меравад.

Пас аз анҷоми қисми расмии ин чорабинӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид мусобиқаи футболи хурд бо иштироки чаҳор гурӯҳ, аз ҷумла Осиё, Амрикои Лотинӣ, Аврупо ва Африқо ташкил карда шуд. Маросими кушодашавии чорабинии варзиширо Президенти иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Франсис ҳусни оғоз бахшид.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Май 24, 2024 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tokyo Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори ду медал гардиданд
Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал ба даст оварданд
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. Имрӯз дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» бо ҳам бозӣ мекунанд
9 паҳлавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam -2025 иштирок мекунанд
Ҳайати дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо «Истиқлол» ба Душанбе омад
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2025. Дастаи мунтахаби занонаи то 18-солаи Тоҷикистон бо дастаи занонаи Узбекистон бозиро мусовӣ кард
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати варзишгарон Парчами давлатӣ зиёда аз 7500 маротиба баланд бардошта шуд
«ВАРЗИШГАРОН — ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд