Дар Берлин бо фаъолони диаспораҳо аз минтақаҳои мухталифи Олмон, Лаҳистон ва Чехия мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берлин бо тоҷикони бурунмарзии дорои касбу кори гуногун, аз ҷумла донишҷӯён, касбомӯзон, табибон, соҳибкорон, варзишгарон ва фаъолони диаспораҳо аз минтақаҳои мухталифи Олмон, инчунин Лаҳистон ва Чехия мулоқот баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар мулоқот таъкид намуд, ки тақвияти ваҳдати миллӣ дар шароити печидаи ҷаҳони муосир, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу фарҳангӣ, инчунин ба таври арзанда муаррифӣ намудани Ватану миллати худ дар кишварҳои иқомат муҳим мебошад.
Дар ин росто гуфта шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, боз ҳам ободу зеботар мегардад.
Бинобар ин зимни суҳбат ҷавонону донишҷӯёнро даъват намуданд, ки ба омӯзиши фанновариҳои муосир диққати бештар дода, дар ободиву пешрафти Ватан ҳисса гузоранд.
Ҳамчунин эҳтироми қонуну қоидаҳои давлати будубош ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла дар партави Соли маърифати ҳуқуқӣ таъкид гардид.
Гурӯҳе аз ҳамватанони фаъол барои саҳми арзандаашон дар тарғиби таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ва муттаҳидсозии ҳамватанон дар Олмону Лаҳистон бо Сипосномаи Сафорат қадрдонӣ шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон









Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






