Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмунҳои «Ихтироъкорони ҷавон» ва «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён» баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмунҳои донишгоҳии «Ихтироъкорони ҷавон» ва «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки чун анъана ҳар сол дар донишгоҳ ду маротиба ин озмунҳо баргузор карда шуда, ғолибони он муайян ва бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода аз дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ ёдовар шуда, иброз дошт, ки озмунҳо дар доираи «Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илм ва маориф», инчунин ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон гузаронида шуданд.
Бо ёдоварӣ аз саҳми ҷавонон дар рушди илму техника ва ихтирооту навоварӣ гуфта шуд, ки олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону магистрантони донишгоҳ бо ихтирооту навовариҳои илмияшон дар рушди илми ватанӣ ва ривоҷу равнақи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






