Дар Суғд лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли неруи барқ аз нури Офтоб ва бод татбиқ карда мешаванд
СУҒД, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати чинии «Liaoning Lide» Жанг Жинминг ва ҳамроҳонаш масоили ҳамкории мутақобила ва тадриҷан густариш додани онҳо, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилоят зимни муаррифии имконоти вилояти Суғд таъкид дошт, ки вилоят чун «водии имконият» шинохта шуда, барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии он якчанд барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешаванд.
Дар вилоят садҳо корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, талабот ба неруи барқ зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз, истифода аз манбаъҳои гуногун метавонад талабот ба неруи барқро қонеъ созад.
Жанг Жинминг аз пазироии гарму самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки воқеъан ҳам бо истифода аз фанновариҳои замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нури Офтоб ва бод метавон неруи барқ истеҳсол кард.
Иттилоъ дода шуд, ки ин ширкат соли 2002 таъсис ёфта, асосан ба истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти соҳаи энергетика машғул мебошад. Ширкат шаш сол инҷониб дар Осиёи Миёна фаъолияти босамар дошта, сохтмони неругоҳеро дар Узбекистон оғоз намудааст, ки тавассути он аз бод неруи барқ истеҳсол менамояд. Татбиқи чунин лоиҳа дар вилояти Суғд низ имконпазир мебошад.
Зимни мулоқот тарафҳо ҳавасмандиашонро барои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳа дар самти бунёди неругоҳ баён доштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






