Дар Теҳрон машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Май 10, 2024 14:08

ДУШАНБЕ, 10.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон давраи дуюми машваратҳои сиёсӣ байни  ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва  Эрон баргузор гардид. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон роҳбарӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти машваратҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити гуногунҷанбаи ду давлати дӯстро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Доир ба таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар карда шуд.

Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Амир Абдуллоҳиён ба ҳузур пазируфта шуд.

Зимни ин мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкориро ҷиҳати иҷрои тавофуқоти бадастомода байни роҳбарияти олии ду давлат мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин мулоқотҳои муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломи Эрон Маҳди Сафарӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо ҷонибҳо ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии байни ду мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ гуфтугӯ намуданд.

Дар фарҷоми сафар муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух  Шарифзода бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) Хусрав Нозирӣ мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони мазкур, баргузории чорабиниҳои муштаракро дар доираи фаъолияти ин Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 10, 2024 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд